https://sputnik.tj/20230406/sel-sughd-kishtzor-talaf-dehqonon-tukhmi-roygon-1056256091.html
Сел дар Суғд садҳо гектар киштзорро талаф дод: ба деҳқонон тухмии ройгон медиҳанд
Сел дар Суғд садҳо гектар киштзорро талаф дод: ба деҳқонон тухмии ройгон медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Аз боронҳои сели ахир бештар аз ҳама дар шимоли кишвар заминҳои кишт дар ноҳияи Ҷаббор Расулов талаф ёфтааст, ки зарари он беш аз миллион сомонӣ аст
2023-04-06T17:15+0500
2023-04-06T17:15+0500
2023-04-06T17:15+0500
дар тоҷикистон
русия
кҳф
селфароӣ
осеб
суғд
ҷаббор расулов
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/04/1056149471_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_ac2801d483b1b9adc5c8005d034b5aae.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ҳаҷми зарари расида аз селхезӣ ба соҳаи кишоварзиро маълум кардандТибқи гузориши Комиссияи ноҳиявӣ, дар натиҷаи селхезӣ бештар аз ҳама заминҳои кишти пахта талаф ёфтааст.Дар умум офати табиии рӯзи 2 апрел дар 210 га замини киштшударо хароб кардааст, гуфт, Хайрулло Бобозода, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон. Бар пояи иттилоъи манбаъ, ин заминҳои кишт асосан дар ҷамоатҳои Ғулакандоз, Деҳмой ва Ҳаёти нави ноҳияи мазкур буда, гуфта мешавад, ҳаҷми зарари он ба беш аз миллион сомонӣ баробар гардидаас. Ин танҳо хисороте аст, ки ба соҳаи кишоварзӣ расида, боқимонда харобаҳои роҳу иншоотҳои аҳолиро маълум мекунанд. Ба гуфти Хайрулло Бобозода, ба деҳқонҳои аз офати табиӣ зарардида тухмии зироат ройгон тақсим карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 апрел бар асари боришоти борони пуршиддат дар чанде аз шаҳру навоҳии кишвар аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва ноҳияи Ҷаббор Расулов селхезӣ рух дода, роҳҳои мошингард, замини кишти зироат ва иморату иншооти сокинонро харобу валангор намуд. Хушбахтона талафоти ҷонӣ дар байни сокинон ба қайд гирифта нашудааст. Мақомоти КҲФ Суғд мегуянд, комиссияи таъсисшуда хисороти расида аз селхезӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро маълум мекунанд.
https://sputnik.tj/20230405/khf-ruzhoi-oyandaro-dar-tojikiston-khatarnok-khond-1056193715.html
русия
суғд
ҷаббор расулов
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/04/1056149471_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_bde0f2394d49591fa9d4750ff6397730.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сел суғд киштзор талаф деҳқонон тухмӣ ройгон
сел суғд киштзор талаф деҳқонон тухмӣ ройгон
Сел дар Суғд садҳо гектар киштзорро талаф дод: ба деҳқонон тухмии ройгон медиҳанд
Аз боронҳои сели ахир бештар аз ҳама дар шимоли кишвар заминҳои кишт дар ноҳияи Ҷаббор Расулов талаф ёфтааст, ки зарари он беш аз миллион сомонӣ аст
ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ҳаҷми зарари расида аз селхезӣ ба соҳаи кишоварзиро маълум карданд
Тибқи гузориши Комиссияи ноҳиявӣ, дар натиҷаи селхезӣ бештар аз ҳама заминҳои кишти пахта талаф ёфтааст.
Дар умум офати табиии рӯзи 2 апрел дар 210 га замини киштшударо хароб кардааст, гуфт, Хайрулло Бобозода, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
“Аз ҷумла замини кишти пахта 129, 8 га, картошка 4, 5 га, пиёз 4, 2 га, гандум 6, 4 га, офтобпараст 16 га, ҷави баҳорӣ 12 га, юнучқа 8,5 га, полезиҳо 3, 8 га ва ҷуворимакка 25 га талаф ёфтааст” – изҳор намуд, сардори идораи кишоварзӣ.
Бар пояи иттилоъи манбаъ, ин заминҳои кишт асосан дар ҷамоатҳои Ғулакандоз, Деҳмой ва Ҳаёти нави ноҳияи мазкур буда, гуфта мешавад, ҳаҷми зарари он ба беш аз миллион сомонӣ баробар гардидаас.
Ин танҳо хисороте аст, ки ба соҳаи кишоварзӣ расида, боқимонда харобаҳои роҳу иншоотҳои аҳолиро маълум мекунанд.
Ба гуфти Хайрулло Бобозода, ба деҳқонҳои аз офати табиӣ зарардида тухмии зироат ройгон тақсим карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 апрел бар асари боришоти борони пуршиддат дар чанде аз шаҳру навоҳии кишвар аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва ноҳияи Ҷаббор Расулов селхезӣ рух дода, роҳҳои мошингард, замини кишти зироат ва иморату иншооти сокинонро харобу валангор намуд.
Хушбахтона талафоти ҷонӣ дар байни сокинон ба қайд гирифта нашудааст.
Мақомоти КҲФ Суғд мегуянд, комиссияи таъсисшуда хисороти расида аз селхезӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро маълум мекунанд.