Дар Истаравшан ҷавони артишгурезро зиндон карданд

© Дафтари матбуои ҳукумати шаҳри ИстаравшанҲукми зиндон ба Турсунов Самиҷон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ
Ҳукми зиндон ба Турсунов Самиҷон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2023
Обуна шудан
Синну соли ҷавон ба сарбозӣ мувофиқат карда, ҳамчунин санҷиши тиббӣ низ ба сафарбарӣ созгор будани ӯро собит кардааст, аммо мавсуф саркашӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар вилояти Суғд як ҷавони саркаш аз хидмати ҳарбӣ ҳукми зиндон гирифт.
Маҳкумшуда, Турсунов Самиҷони 27-сола, сокини шаҳри Истаравшан, ҷамоати деҳоти Гули Сурх, деҳаи Чорсада мебошад, хабар медиҳад, дафтари матбуоти ҳукумати шаҳр.
Ба иттилои манбаъ, мавсуф ҳамчун даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ санаи 24.07.2021 сол аз муоина ва санҷиши комиссияи тиббии Комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан гузашта, қобил ба хизмати ҳарбӣ дониста шуда, даъватномаро оиди санаи 25.09.2021 сол барои ба нуқтаи ҷамъшавӣ ҳозир гардидан шахсан қабул намудааст.
"Номбурда бе ягон сабабҳои узрнок, бидуни асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод шудан, бо мақсади саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба нуқтаи ҷамъшавӣ ҳозир нагардида, аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудааст", - афзудааст манбаъ.
Ҳамин тариқ барои ин амалкард додситонии шаҳр алайҳи ӯ бо моддаи 343, қисми 1 КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз менамояд.
Дадгоҳ бошад, дар асоси ин парванда Турсуновро рӯзи 18 апрели соли 2023 ба муҳлати 6 моҳ равонаи зиндони низомаш умумӣ кардааст.
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Артишгурезонро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст: посухи ҳуқуқшинос
Ин нахустин парванда лайҳи артишгурезон дар кишвар нест.
Қаблан низ додгоҳи шаҳри Хоруғ барои саркашӣ аз хидмат сокини маҳаллӣ Комилов Сорбонро барои як сол ҳукми зиндон дода буд.
Дар умум соли 2022 барои саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ 108 нафар даъватшавандаро дар кишвар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаанд.
Лентаи хабарҳо
0