https://sputnik.tj/20220427/artishgurezon-tojikiston-intizor-posukh-huquqshinos-1048017350.html
Артишгурезонро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст: посухи ҳуқуқшинос
Артишгурезонро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст: посухи ҳуқуқшинос
Sputnik Тоҷикистон
Ба таъкиди ҳуқуқшиноси тоҷик шахсоне, ки қасдан аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд имкони маҳкум шудан ба 2 соли маҳрумият аз озодиро доранд
2022-04-27T22:00+0500
2022-04-27T22:00+0500
2022-04-27T22:00+0500
дар тоҷикистон
артиш
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103067/57/1030675731_222:0:1815:896_1920x0_80_0_0_f80a7fa456621701bf8c5b492fc93a79.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷавононеро, ки қасдан намехоҳанд дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар хидмат кунанд, ҷаримаи ҳангуфт ва ҳамчунин маҳрумият аз озодӣ интизор аст.Дар ин бора ҳуқуқшиноси тоҷик Беҳрӯз Султонов ба торнамои ҶОМ хабар додааст.Манбаъ аз қавли ҳуқуқшинос менависад, модоме ки ҷавони синни хидмат бо вуҷуди дастрас кардани даъватнома қасдан аз пайваст шудан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар саркашӣ мекунад, ӯро ҷарима ба андозаи 500-1000 нишондиҳанда, ки ин аз 32 то 64 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, интизор аст. Илова бар ин Султонов қайд намудааст, ки эҳтимоли маҳрум шудани ҷавони саркаш аз сарбозӣ аз озодӣ ба муҳлати ду сол вуҷуд дорад.Зимнан Султонов ба хидмати пулакӣ низ таъкид намуда, зикр кардааст, ки дар Тоҷикистон маблағи химати пулакӣ ба 26 880 сомонӣ баробар аст."Шахсе, ки мехоҳад аз хизмати ҳарбии алтернативӣ истифода кунад, бояд ба комиссариати ҳарбии маҳалли зисти худ дар асоси ариза мурҷиат кунад ва маблағи мазкурро ба суратҳисоби муайянгардида пардохт намуда, расидро дар муддати 5 шабонарӯз бояд ба комиссарити ҳарбӣ супорад", - тавзеҳ додааст Беҳрӯз Султонов.Маврид ба зикр аст, ки 1 апрел дар саросари Тоҷикистон раванди даъвату гусели шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз ёфта, он ду моҳ давом мекунад.Қаблан Вазорати мудофиа 20 рӯзи нақшаи даъватро эълон ва қайд намуд, ки иҷрои он дар мамлакат 50 фоизро ташкил медиҳад. Вазорати мудофиа нақшаи 20 рӯзи сарбозгириро эълон кард: кӣ тамом карду кӣ монд?Гуфта мешавад, ВМКБ давоми чор соли охир миёни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар нахустин рӯзи даъвати шаҳрвандон нақшаро дар қаламрави вилоят 100 фоиз иҷро менамояд.Чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе давоми 20 рӯзи маъракаи сарбозгирӣ нақшаро 60 фисад иҷро кардаанд.Зимнан нақшаи даъватро ноҳияҳои тобеи марказ 60 дарсад ва вилояти Хатлон 50 фисад иҷро намуданд.Даъвати наваскарон аз ҳама суст дар Суғд ҷараён дорад. Вилоят тайи се ҳафта 40 фисади нақшаро иҷро кардааст.
https://sputnik.tj/20220401/viloyat-nohiyai-naqsha-davat-anjom-1047283550.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103067/57/1030675731_421:0:1616:896_1920x0_80_0_0_aff4c2ae0a3ffc8d7d0df88fb41e3dc9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон артиш
Артишгурезонро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст: посухи ҳуқуқшинос
Ба таъкиди ҳуқуқшиноси тоҷик, шахсоне, ки қасдан аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, ба 2 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум мешаванд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷавононеро, ки қасдан намехоҳанд дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар хидмат кунанд, ҷаримаи ҳангуфт ва ҳамчунин маҳрумият аз озодӣ интизор аст.
Дар ин бора ҳуқуқшиноси тоҷик Беҳрӯз Султонов ба торнамои ҶОМ хабар додааст.
Манбаъ аз қавли ҳуқуқшинос менависад, модоме ки ҷавони синни хидмат бо вуҷуди дастрас кардани даъватнома қасдан аз пайваст шудан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар саркашӣ мекунад, ӯро ҷарима ба андозаи 500-1000 нишондиҳанда, ки ин аз 32 то 64 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, интизор аст.
Илова бар ин Султонов қайд намудааст, ки эҳтимоли маҳрум шудани ҷавони саркаш аз сарбозӣ аз озодӣ ба муҳлати ду сол вуҷуд дорад.
Зимнан Султонов ба хидмати пулакӣ низ таъкид намуда, зикр кардааст, ки дар Тоҷикистон маблағи химати пулакӣ ба 26 880 сомонӣ баробар аст.
"Шахсе, ки мехоҳад аз хизмати ҳарбии алтернативӣ истифода кунад, бояд ба комиссариати ҳарбии маҳалли зисти худ дар асоси ариза мурҷиат кунад ва маблағи мазкурро ба суратҳисоби муайянгардида пардохт намуда, расидро дар муддати 5 шабонарӯз бояд ба комиссарити ҳарбӣ супорад", - тавзеҳ додааст Беҳрӯз Султонов.
Маврид ба зикр аст, ки 1 апрел дар саросари Тоҷикистон раванди даъвату гусели шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз ёфта, он ду моҳ давом мекунад.
Қаблан Вазорати мудофиа 20 рӯзи нақшаи даъватро эълон ва қайд намуд, ки иҷрои он дар мамлакат 50 фоизро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ВМКБ давоми чор соли охир миёни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар нахустин рӯзи даъвати шаҳрвандон нақшаро дар қаламрави вилоят 100 фоиз иҷро менамояд.
Чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе давоми 20 рӯзи маъракаи сарбозгирӣ нақшаро 60 фисад иҷро кардаанд.
Зимнан нақшаи даъватро ноҳияҳои тобеи марказ 60 дарсад ва вилояти Хатлон 50 фисад иҷро намуданд.
Даъвати наваскарон аз ҳама суст дар Суғд ҷараён дорад. Вилоят тайи се ҳафта 40 фисади нақшаро иҷро кардааст.