Баргузории Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023”

© Sputnik / Амир ИсаевТеатр оперы и балета им. С. Айни. Архивное фото
Театр оперы и балета им. С. Айни. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2023
Обуна шудан
Маросими ифтитоҳи расмии Фестивал – озмун 27 апрели соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Аз 27 апрел то 4 майи соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 85 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” баргузор мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати фарҳанг хабар додааст.
Тавре манбаъ хабар додааст, фестивал-озмун бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баланғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ, баргузор мегардад.
“Маросими ифтитоҳи расмии Фестивал – озмун 27 апрели соли 2023, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад”, - хабар додааст вазорати фарҳанг.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар Фестивал – озмун 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштрок менамоянд.
Театр имени Маяковского в наши дни - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2023
Театри драмавии русии Душанбе кумаки молӣ мегирад
Ин театрҳо беҳтарин намоишномаҳое, ки тӯли солҳои 2021 – 2022 рӯи саҳна омадаанд, барои мухлисони санъати театрӣ ва қазовати ҳайати ҳакамон пешниҳод мекунанд.
Инчунин дар доираи ҷашнвораи мазкур ду мизи мудаввар: “Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик” ва “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” бо иштироки мунаққидон ва театршиносон дар назар аст.
Вазорати фарҳанг қайд кардааст, ки Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва дар он театрҳои касбии тамоми манотиқи кишвар ширкат менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0