https://sputnik.tj/20230408/teatri-dramavi-rusi-dushanbe-kumak-moli-megirad-1056322035.html
Театри драмавии русии Душанбе кумаки молӣ мегирад
Театри драмавии русии Душанбе кумаки молӣ мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли 2023 дар даҳ кишвар 15 театрҳои русӣ барои дастгирии молӣ, аз ҷумла Театри драмавии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе, интихоб шуданд
2023-04-08T18:40+0500
2023-04-08T18:40+0500
2023-04-08T20:14+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
театр
театри ба номи маяковский
дастгирӣ
молӣ
кӯмак
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101735/90/1017359019_0:114:1600:1014_1920x0_80_0_0_6a9b3226d04017911737ebc9e8f187bb.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Русия тасмим гирифтааст, ба театрҳои русӣ дар хориҷ аз кишвар кумаки молии расонад.Дар ин бора муовини вазири фарҳанги Русия Алла Манилова дар конфронси байналмилалии “Театри русӣ дар хориҷ ҳамчун пажуҳишгоҳи фарҳанги Русия"”изҳор дошт.Ҳамин тариқ, дар соли 2023 театрҳои русӣ дар 10 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, кумаки молӣ дастрас хоҳанд кард.Ба гуфтаи Манилова, Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Душанбе мушкилоти ҷиддии зербиноӣ дорад.Дастгирии молиявии театрҳои русӣ дар хориҷ дар ду бахш сурат хоҳад гирифт: харидани таҷҳизоти замонавии саҳнавӣ ва дастгирии намоишномаҳои нав."Панҷ миллион рубл барои таҷҳизот, ҳамин миқдор барои намоишҳо. Ҳама маблағ бояд имсол аз худ карда шаванд", - гуфт муовини вазир.Вай гуфт, ки дар соли равон 15 театр дар даҳ кишвар барои дастгирӣ интихоб шудаанд. Театрҳои русӣ дар Абхазистон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Осетияи Ҷанубӣ ва Қазоқистон кумаки молӣ хоҳанд гирифт.Рӯзҳои 7-8 апрел дар шаҳри Санкт-Петербург конфронси чоруми байналмилалии “Театри русӣ дар хориҷ ҳамчун пажуҳишгоҳи фарҳанги Русия” ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20221228/pisar-ibodullo-mashrab-mudir-teatr-lokhuti-tayin-1053859752.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101735/90/1017359019_49:0:1552:1127_1920x0_80_0_0_92eab2f427e10931a86b647ecee57efb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, театр, душанбе, кумак, молӣ, театри русӣ, фарҳанг
тоҷикистон, театр, душанбе, кумак, молӣ, театри русӣ, фарҳанг
Театри драмавии русии Душанбе кумаки молӣ мегирад
18:40 08.04.2023 (Навсозишуда: 20:14 08.04.2023) Дар соли 2023 дар даҳ кишвар 15 театрҳои русӣ барои дастгирии молӣ, аз ҷумла Театри драмавии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе, интихоб шуданд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Русия тасмим гирифтааст, ба театрҳои русӣ дар хориҷ аз кишвар кумаки молии расонад.
Дар ин бора муовини вазири фарҳанги Русия Алла Манилова дар конфронси байналмилалии “Театри русӣ дар хориҷ ҳамчун пажуҳишгоҳи фарҳанги Русия"”изҳор дошт.
Ҳамин тариқ, дар соли 2023 театрҳои русӣ дар 10 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, кумаки молӣ дастрас хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Манилова, Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Душанбе мушкилоти ҷиддии зербиноӣ дорад.
Дастгирии молиявии театрҳои русӣ дар хориҷ дар ду бахш сурат хоҳад гирифт: харидани таҷҳизоти замонавии саҳнавӣ ва дастгирии намоишномаҳои нав.
"Панҷ миллион рубл барои таҷҳизот, ҳамин миқдор барои намоишҳо. Ҳама маблағ бояд имсол аз худ карда шаванд", - гуфт муовини вазир.
Вай гуфт, ки дар соли равон 15 театр дар даҳ кишвар барои дастгирӣ интихоб шудаанд. Театрҳои русӣ дар Абхазистон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Осетияи Ҷанубӣ ва Қазоқистон кумаки молӣ хоҳанд гирифт.
Рӯзҳои 7-8 апрел дар шаҳри Санкт-Петербург конфронси чоруми байналмилалии “Театри русӣ дар хориҷ ҳамчун пажуҳишгоҳи фарҳанги Русия” ҷараён дорад.