Дар қаламрави Тоҷикистон боз замин ҷунбид: Шарҳи зилзилашиносон

CC BY 2.0 / Ray Bouknight / SeismographСейсмограф, архивное фото
Сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2023
Обуна шудан
Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб, дар наздикии ҷодаи Помир заминларзаи тоза ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи тоза ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст Маркази ҷумҳуриявии нзилзилашиносии КҲФ Ӯзбекистон.
Заминларза нимаи дуюми рӯз соати 13:57 ба вақти Душанбе дар ҳудуди ВМКБ дар ноҳияи Мурғоб, дар наздикии ҷодаи Помир сурат гирифтааст.
Минтақаи заминчунбӣ дар 38,11 арзи шимолӣ; 73,32 арзи шаркй ҷойгир будааст
Шиддатнокии заминларза 3,8 балл буд. Заминларза дар умқи 80 километрӣ ҷойгир будааст.
Поврежденные строения из-за землетрясения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Садҳо хона хароб шуд: Эълони хисороти заминларза дар Мастчоҳ
КҲФ-и кишвар то ҳол дар бораи хисорот ва талафоти эҳтимолӣ хабар надодааст.
Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март дар вилояти Суғд як силсила заминларзаҳои харобиовар сурат гирифт. Шиддати зилзила аз 3,9 то 6 баллро ташкил дода буд.
Дар ҷараёни ин офати табиӣ беш аз 720 хонавода осеб дида, ҳудуди 120 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда нобуд шуданд.
Лентаи хабарҳо
0