Рақибони тими бошгоҳи "Ҳоҷӣ Шариф" дар лигаи минтақавӣ маълум шуданд

© Sputnik / IJFТаджикские дзюдоисты на турнире
Таджикские дзюдоисты на турнире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2023
Обуна шудан
Қуръакашии марҳилаи дуюми Лигаи минтақавии ҷудо миёни бошгоҳҳои кишварҳои минтақа баргузор шуд. Сабқати дуюми бошгоҳҳо 6-уми май дар назар аст
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тоҷикистонро дар марҳилаи Лигаи минтақавии ҷудо миёни клубҳо, бошгоҳи "Ҳоҷӣ Шариф" муаррифӣ мекунад, ки ба марҳилаи дуюм роҳ ёфт.
Бар асоси иттилои Лигаи мазкур, қуръакашӣ муайян кард, ки бошгоҳи тоҷикистонӣ бо дастаҳои "Урал-Сибири Ғарбӣ" (Екатеринбург), "Турбостроител" (Санкт Петербург) ва "Jenys" (Қазоқистон) дар як гурӯҳ сабқат мекунад.
Марҳилаи дуюми ин мусобиқа низ 6 май дар маҷмааи варзишии "Игровой" дар Маскав дар назар мебошад.
Маросими қуръакашӣ бо иштироки барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Лондон, чемпиони чандинкаратаи ҷаҳон Александр Михайлин ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Пекин Расул Боқиев баргузор шудааст.
Tashkent Grand Slam - спортсмены от Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2023
Ҷудокорони тоҷик дар Русия ба чемпионати ҷаҳон омода мешаванд
Дар марҳилаи дуюм низ 16 даста дар 4 гурӯҳ рақобат мекунанд ва аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, ҳамагӣ 8 даста, ба марҳилаи финалӣ роҳ меёбад. Сабқати ниҳоии Лигаи минтақавии ҷудо миёни бошгоҳҳо 8-уми июл дар назар мебошад.
Дар натиҷаи марҳилаи аввал, ки ахиран дар Маскав баргузор шуд, дар баробари бошгоҳи "Ҳоҷӣ Шариф" инчунин 11 тими дигар - "Жемчужина"-и Сочи), "Jenys" ( Қазоқистон), "Динамо" (Дмитров), МГФСО (Маскав), "Академияи миллии ҷудои Эрон" (Эрон), "Динамо" (Уфа), "СОРБИС" (Маскав) ба марҳилаи дуюм роҳ ёфтанд.
Дар ин феҳраст ҳамчунин "Чемпион" ( Железноводск), "Турбостроител" (Санкт-Петербург), "Эделвейс" (Грозний) ва "Родина" (Екатеринбург) қарор доранд.
Ба ин бошгоҳҳо дар марҳилаи дуюм тимҳои маъруфи ҷудои ҷаҳонӣ, аз ҷумла "Ахмат" (Грозний), "Явара-Нева" (Санкт-Петербург), "Локомотив Грин Хилл" (Налчик) ва "Урал - Сибири шарқӣ" мепайвандад.
Лентаи хабарҳо
0