Ҷудокорони тоҷик дар Русия ба чемпионати ҷаҳон омода мешаванд

© Федерация дзюдо ТаджикистанаTashkent Grand Slam - спортсмены от Таджикистана
Tashkent Grand Slam - спортсмены от Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2023
Обуна шудан
Федератсияҳои ҷудои Тоҷикистону Русия барои дастаҳои мунтахаби ҷудои ҳар ду кишвар ҷамъомади муштараки машқӣ-таълимӣ баргузор кардаанд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Сочии Русия омодагӣ дида истодааст.
Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Русия барои дастаҳои мунтахаби ҷудои ҳар ду кишвар ҷамъомади машқӣ-таълимӣ доир кардаанд.
Манбаъ афзуд, ки ҷамъомади тамринӣ дар Маркази омодагии олимпии Сочи то 20 апрел идома хоҳад кард.
Раванди омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон дар риштаи ҷудоро мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тори роҳбарӣ мекунад. Ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ дар Сочи марҳилаи асосии омодагии тими мунтахаби Тоҷикистон Чемпионати ҷаҳон-2023 ба шумор меравад, ки аз 7 то 14 май дар Қатар баргузор мешавад.
Марафон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2023
Гузориши аксӣ аз ниммарафони байналмилалӣ дар пойтахт
Дар Қатар Тоҷикистонро 9 ҷудокор намояндагӣ мекунад. Тибқи пешниҳоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон, дар вазни то 66 кило ҷумҳуриро дар чемпионат Эмомалӣ Нуралӣ ва Шаҳбоз Саидаброров намояндагӣ хоҳанд кард.
Дар вазни то 73 кило - Беҳрӯз Хоҷазода, то 81кг - Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 90 кило - Комроншоҳ Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило Абубакри Акобир ва беш аз 100 кило Темур Раҳимов сабқат мекунанд.
Зикр гардидаст, ки хазинаи қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо дар соли равон 1 млн евроро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0