Пешгирӣ аз амали тахрибкорӣ дар иншооти энергетикии Керч: боздошти гумонбар – видео

Обуна шудан
Дар суроғаи иқомати гумонбар маводи тарканда ва телефони ҳамроҳ мусодира шудааст, ки дар он гуфтугӯи бо намояндаи хадамоти вижаи Украина сабт шудааст
Кормандони Сервиси мнияти Федеролии Русия (ФСБ) аз тахрибкорӣ дар иншооти энергетикии минтақаи Керчи Қрим пешгирӣ кард.
Ба иттилои манбаъ, як ҷосуси украинӣ боздошт шуд.
"ФСБ Русия дар шаҳри Керчи Ҷумҳурии Қрим аз омодагии тахрибкорӣ дар иншооти энергетикии нимҷазира ҷилавгирӣ кард. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда як шаҳрванди Русия ва Украина, соли таваллудаш 1971, ки дар омодагӣ ба ин ҷиноят даст доштааст, дастгир карда шуд", - омадааст дар хабар.
Вазорати дифои Русия видео кори мушакандози чандгонаи “Град” дар Украинаро нашр кард
Гуфта мешавад, ки дар суроғаи иқомати гумонбар маводи тарканда ва василаи иртиботӣ мусодира шудааст, ки дар он гуфтугӯ бо намояндаи хадамоти махсуси Украина, ки фаъолиятҳои ҷиноии ӯро ҳамоҳанг мекардааст сабт шудааст.
Нисбати боздоштшуда тибқи қисми 1 моддаи 30, қисми 1 моддаи 281 (омодагӣ ба тахрибкорӣ) ва қисми 1 моддаи 222.1 (ғайриқонунӣ гирифтан, интиқол додан, фурӯш, нигоҳдорӣ, интиқол ё бурдани маводи тарканда) Кодекси ҷиноии Русияи парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Даргирӣ барои роҳи оҳан дар Артёмовск
Манбаъ таъкид кардааст, шахси гумонбар боздошт шудааст.
Лентаи хабарҳо
0