https://sputnik.tj/20230419/hajm-sarmoyai-jalbshuda-sughd-1056544863.html
Ҳаҷми сармояи ҷалбшуда ба Суғд эълон гардид
Ҳаҷми сармояи ҷалбшуда ба Суғд эълон гардид
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Суғд эълон дошт, ки тайи семоҳаи аввали соли равон тавонистаанд, ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷиро ба қаламрави вилоят афзоиш диҳанд
2023-04-19T09:00+0500
2023-04-19T09:00+0500
2023-04-19T09:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
суғд
доллар
сармоя
ҷалб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116244_213:0:1400:667_1920x0_80_0_0_b4eac38f1e0ec6956b6d9b5987006572.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ба иқтисодиёти вилояти Суғд дар давоми 3 моҳи аввали соли равон наздики 99 млн доллари амрикоӣ сармояи хориҷию ватанӣ ҷалб гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 6% зиёд мебошад. Тавзеҳ дода шудааст, ки дар таркиби сармояи ҷалбгардида наздики 91 млн долларро сармояи хориҷӣ ташкил дода, боқимонда 18 млн доллари дигар сармояи ватанӣ аст, ки ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.Дар ин давра воридоти сармояи мустақим ба маблағи 55 млн доллар баробар шудааст, ки ҳаҷми афзоиши он наздики 3% арзёбӣ гардидаст. "Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо ба буҷетҳои давлатию маҳаллӣ сари вақт ва барзиёд иҷро шуда, дар ин замина ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат амалӣ гардиданд", - омадааст дар иттилоия. Инчунин зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2023 ба зиёда аз 700 млн доллари амрикоӣ баробар шудааст. Ҳаҷми тавлидоти маҳсулоти кишоварзӣ дар семоҳаи аввал ба маблағи зиёда аз 1 млрд сомонӣ арзёбӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20230418/tavlidot-sanoatii-sughd-beshtar-1056544670.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116244_265:0:1374:832_1920x0_80_0_0_7f2628389bc30f17ba9f67963ecaa14e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қалб, суғд, сармоя, семоҳа, ҷалб
қалб, суғд, сармоя, семоҳа, ҷалб
Ҳаҷми сармояи ҷалбшуда ба Суғд эълон гардид
Ҳукумати Суғд эълон дошт, ки тайи семоҳаи аввали соли равон тавонистаанд, ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷиро ба қаламрави вилоят афзоиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ба иқтисодиёти вилояти Суғд дар давоми 3 моҳи аввали соли равон наздики 99 млн доллари амрикоӣ сармояи хориҷию ватанӣ ҷалб гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 6% зиёд мебошад.
Тавзеҳ дода шудааст, ки дар таркиби сармояи ҷалбгардида наздики 91 млн долларро сармояи хориҷӣ ташкил дода, боқимонда 18 млн доллари дигар сармояи ватанӣ аст, ки ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.
Дар ин давра воридоти сармояи мустақим ба маблағи 55 млн доллар баробар шудааст, ки ҳаҷми афзоиши он наздики 3% арзёбӣ гардидаст.
"Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо ба буҷетҳои давлатию маҳаллӣ сари вақт ва барзиёд иҷро шуда, дар ин замина ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат амалӣ гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2023 ба зиёда аз 700 млн доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Ҳаҷми тавлидоти маҳсулоти кишоварзӣ дар семоҳаи аввал ба маблағи зиёда аз 1 млрд сомонӣ арзёбӣ шудааст.