https://sputnik.tj/20230418/tavlidot-sanoatii-sughd-beshtar-1056544670.html
Тавлидоти саноатии Суғд бештар шудааст
Тавлидоти саноатии Суғд бештар шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар се моҳи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 10% афзудаст
2023-04-18T21:15+0500
2023-04-18T21:15+0500
2023-04-18T21:15+0500
дар тоҷикистон
саноат
зиёд шуд
маҳсулот
ҳаҷм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/14/1053640955_0:134:3001:1822_1920x0_80_0_0_fde5db146df03c9f62d9c4189664e74e.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд давоми семоҳаи аввал ба 5,9 млрд сомонӣ баробар шудааст. Дар ин бора ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки аз ҷумла равғани растанӣ 16%, маҳсулоти нонӣ - 3%, консерваҳо - 17% ва нӯшокиҳои беспирт 22% бештар тавлид шудаанд.Таъкид гардидаст, ки тибқи нақша дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 3 ҳазор ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст. Мақомоти Суғд мегӯянд, алакай дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 3 моҳи соли 2023 дар миқёси вилоят 35 корхонаву коргоҳи нав бо 286 ҷойи нави корӣ фаъол гардидаанд. Зикр шудаст, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1 коргоҳи дӯзандагӣ бо 10 ҷойи нави корӣ ва 1 корхонаи истеҳсоли пойафзол бо 5 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи қариб 72 млн сомонӣ маҳсулот тавлид карданд, ки нисбати соли қаблӣ беш аз 1 млн сомонӣ зиёдтар аст. Манбаъ афзуд, ки дар вилоят 11 корхонаи пойафзолдӯзӣ фаъолиятро ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ беш аз 583 ҳазор ҷуфт маҳсулот тавлид кардаанд, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 7 баробар зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20230411/sughd-ijro-naqsha-solona-chorvodori-guzorish-1056362379.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/14/1053640955_66:0:2733:2000_1920x0_80_0_0_c802c1ec54b896775cb154f3887e9dcc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, ҳаҷм, истеҳсолот, саноатӣ, суғд, тоҷикистон
афзоиш, ҳаҷм, истеҳсолот, саноатӣ, суғд, тоҷикистон
Тавлидоти саноатии Суғд бештар шудааст
Дар се моҳи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 10% афзудаст
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд давоми семоҳаи аввал ба 5,9 млрд сомонӣ баробар шудааст.
Дар ин бора ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки аз ҷумла равғани растанӣ 16%, маҳсулоти нонӣ - 3%, консерваҳо - 17% ва нӯшокиҳои беспирт 22% бештар тавлид шудаанд.
Таъкид гардидаст, ки тибқи нақша дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 3 ҳазор ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.
Мақомоти Суғд мегӯянд, алакай дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 3 моҳи соли 2023 дар миқёси вилоят 35 корхонаву коргоҳи нав бо 286 ҷойи нави корӣ фаъол гардидаанд.
Зикр шудаст, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1 коргоҳи дӯзандагӣ бо 10 ҷойи нави корӣ ва 1 корхонаи истеҳсоли пойафзол бо 5 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи қариб 72 млн сомонӣ маҳсулот тавлид карданд, ки нисбати соли қаблӣ беш аз 1 млн сомонӣ зиёдтар аст.
Манбаъ афзуд, ки дар вилоят 11 корхонаи пойафзолдӯзӣ фаъолиятро ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ беш аз 583 ҳазор ҷуфт маҳсулот тавлид кардаанд, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 7 баробар зиёд мебошад.