https://sputnik.tj/20230419/gardishgaron-khoriji-taqviyat-hamkori-tojikiston-koreya-1056547045.html
Гардишгарони хориҷӣ бештар меоянд: тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ
Гардишгарони хориҷӣ бештар меоянд: тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ
Sputnik Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Корея дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти раҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии кишвар бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Душанбе баррасӣ шуд
2023-04-19T11:40+0500
2023-04-19T11:40+0500
2023-04-19T11:40+0500
дар тоҷикистон
гардишгарӣ
сайёҳӣ
корея
тақвият
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/72/1029267271_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_10837272481c406dd9046eb48b8e4b34.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тавре Кумитаи мазкур хабардодааст, ки зимни мулоқот тарафҳо атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи Корея ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор карданд.Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷониби Корея пешниҳод кард, ки барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва шиносоии бештар бо таъриху фарҳанг, табиат, инфрасохтори сайёҳӣ ва намудҳои сайёҳӣ бояд гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба муддати як сол ин самтҳои асосӣ мавриди омӯзиш қарор гиранд.Ҳамзамон вобаста ба ин муайян карда шавад, ки ба кадом самтҳои асосӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Ҳайати гурӯҳи корӣ бояд аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори самти сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии тарафҳо таъсис дода шавад.Ҳамчунин масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Корея дар умури пешбурди соҳаи сайёҳии мамлакат дар самти хизматрасонӣ ва ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои кормандони ин соҳа дар Тоҷикистон ва мубодилаи сайёҳони байни ду давлат баррасӣ гардид.Инчунин тарафҳо ҳавасмандии худро барои ҳамкории судманд, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ дар рушди сайёҳӣ иброз доштанд.
https://sputnik.tj/20230317/tavseai-hamkori-sarmoyaguzori-sayyohi-shsh-1055598556.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/72/1029267271_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_04330d290aff2c6892eccbe54d056a02.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сайёҳӣ, гардишгарӣ, ҳамкорӣ, корея, мулоқт, раҳбарият
тоҷикистон, сайёҳӣ, гардишгарӣ, ҳамкорӣ, корея, мулоқт, раҳбарият
Гардишгарони хориҷӣ бештар меоянд: тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Корея дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти раҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии кишвар бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Душанбе баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тавре Кумитаи мазкур хабардодааст, ки зимни мулоқот тарафҳо атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи Корея ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷониби Корея пешниҳод кард, ки барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва шиносоии бештар бо таъриху фарҳанг, табиат, инфрасохтори сайёҳӣ ва намудҳои сайёҳӣ бояд гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба муддати як сол ин самтҳои асосӣ мавриди омӯзиш қарор гиранд.
Ҳамзамон вобаста ба ин муайян карда шавад, ки ба кадом самтҳои асосӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Ҳайати гурӯҳи корӣ бояд аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори самти сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии тарафҳо таъсис дода шавад.
Ҳамчунин масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Корея дар умури пешбурди соҳаи сайёҳии мамлакат дар самти хизматрасонӣ ва ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои кормандони ин соҳа дар Тоҷикистон ва мубодилаи сайёҳони байни ду давлат баррасӣ гардид.
Инчунин тарафҳо ҳавасмандии худро барои ҳамкории судманд, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ дар рушди сайёҳӣ иброз доштанд.