https://sputnik.tj/20230317/tavseai-hamkori-sarmoyaguzori-sayyohi-shsh-1055598556.html
Тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни кишварҳои СҲШ баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни кишварҳои СҲШ баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва дурнамои хатсайрҳои мавҷударо баррасӣ намуданд
2023-03-17T18:50+0500
2023-03-17T18:50+0500
2023-03-17T18:50+0500
дар тоҷикистон
сайёҳӣ
сҳш
сармоягузорӣ
гардишгарӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046089690_0:184:1920:1264_1920x0_80_0_0_0e4575bc3f2787374f32522621f59b11.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар шаҳри Варанасаи Ҳиндустон вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии кишвар хабар додааст.Дар ин маҷлис дар робита ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ иброз гардид, ки рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ дар беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии давлатҳо нақши муҳим дорад.Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва дурнамои хатсайрҳои мавҷударо аз нигоҳи сайёҳии бехатар, тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба дар рушди инфрасохтори гардишгариро мавриди баррасӣ қарор доданд.Таъкид шудааст, ки роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қарорҳои дахлдор қабул намуданд, ки он барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар байни давлатҳои СҲШ муҳим арзёбӣ мегардад.Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ бо хусусияти хоси фарҳангӣ ва таърихӣ, табиати дилфиреб, обҳои шифобахш, кӯҳҳои баланд, олами набототу ҳайвонот ва дигар омилҳо яке аз самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ ба шумор меравад.
https://sputnik.tj/20230314/maqomi-tojik-taahudot-uzviyati-eron-shsh-1055483012.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046089690_191:0:1899:1281_1920x0_80_0_0_822a9541d403e40ee428b7322742af9a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сҳш, сармоягузорӣ, соҳаи сайёҳӣ, тавсеа, ҳамкорӣ
тоҷикистон, сҳш, сармоягузорӣ, соҳаи сайёҳӣ, тавсеа, ҳамкорӣ
Тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни кишварҳои СҲШ баррасӣ шуд
Роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва дурнамои хатсайрҳои мавҷударо баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар шаҳри Варанасаи Ҳиндустон вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии кишвар хабар додааст.
Дар ин маҷлис дар робита ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ иброз гардид, ки рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ дар беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии давлатҳо нақши муҳим дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва дурнамои хатсайрҳои мавҷударо аз нигоҳи сайёҳии бехатар, тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба дар рушди инфрасохтори гардишгариро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид шудааст, ки роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қарорҳои дахлдор қабул намуданд, ки он барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар байни давлатҳои СҲШ муҳим арзёбӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ бо хусусияти хоси фарҳангӣ ва таърихӣ, табиати дилфиреб, обҳои шифобахш, кӯҳҳои баланд, олами набототу ҳайвонот ва дигар омилҳо яке аз самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ ба шумор меравад.