Бунёди деворҳои ҳимоявӣ дар роҳи Душанбе – Чаноқ

© Филиали ширкати Innovative Road SolutionsБунёди девори ҳифозати дар роҳи Душанбе - Чаноқ
Бунёди девори ҳифозати дар роҳи Душанбе - Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2023
Обуна шудан
Масъулини ширкати Innovative Road Solutions мегӯянд барои таъмини бехатарӣ ронандагон дар роҳи Душанбе – Чаноқ деворҳои ҳимоявӣ сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Бо мақсади таъмини бехатарӣ дар роҳи Душанбе – Чаноқ бунёди деворҳои ҳифозатӣ оғоз шуд, иттилоъ додааст филиали Ширкати IRS.
Ба иттилои манбаъ, то ин замон дар масофаи зиёда аз 15 ҳазор метр ин кор амалӣ гардид.
Ширкати IRS қайд кардааст, ки ҳангоми азнавсозии роҳи Душанбе - Чаноқ бунёди деворҳои ҳимоявӣ (парапет) дар лоиҳа набуд.
Поксозӣ ва таъмири роҳи Душанбе - Чаноқ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2023
Роҳу пулҳои харобшуда дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бозсозӣ мешаванд
Тибқи иттилои манбаъ ширкати мазкур, то ин замон деворҳои зикршуда чандин ронандаву мусофирро аз ҳалокат наҷот доданд.
“Бо фаро расидан мавсими гармо иқдоми мазкур идома ёфта, роҳбарияти филиали Ширкат азми қавӣ дорад, ки дар тамоми минтақаҳои хавфнок деворҳои ҳимоявӣ бунёд кунанд”, - таъкид кардааст Ширкати IRS.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш масъулини ин ширкат хабар доданд, ки бо сипарӣ гардидани мавсими сармо ва пурра бартараф шудани пайомади офатҳои ин айём харобиҳое, ки дар фасли сармо дар роҳҳо ба вуҷуд омада буд, тадриҷан таъмир мешавад.
“ба таъмиру таҷдиди роҳ, тоза намудани ҷӯйборҳои канори он, гузоштани аломатҳои роҳ, таъмири пулҳо, кашидани хатҳои уфуқӣ ва ғайра машғул ҳастем”, - қайд карда буд манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0