Дар Суғд аз иҷрои нақшаи солонаи чорводорӣ гузориш доданд

© Пресс-служба председателя Согдийской областиРаджаббой Ахмадзода
Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Обуна шудан
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вилояти Суғд, дар ҳама хоҷагиҳои шаҳру вилоятҳо беш аз 1 миллион сар чорвои хурд нигоҳ дошта мешавад.
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар вилояти Суғд нақшаи солонаи саршумори чорвои майда 66% иҷро шуд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Сарвари вилоят аз чанд хоҷагии навоҳии Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ дидан кард.
© Пресс-служба председателя Согдийской областиРаджаббой Ахмадзода
Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Раджаббой Ахмадзода
Тибқи иттилои расмӣ, дар мавсими имсола аллакай 58 ҳазор сар чорво таваллуд шудааст.
Гузашта аз ин, дар тамоми хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 1 миллион сар чорвои майда мавҷуд аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилоят.
Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки чорводорӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарин дар бахши кишоварзӣ маҳсуб мешавад, зеро он аҳолии Тоҷикистонро бо маҳсулоти гӯшту шир ва бахши саноатро бо ашёи хом таъмин мекунад.
© Пресс-служба председателя Согдийской областиРаджаббой Ахмадзода
Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Раджаббой Ахмадзода
Ёдовар мешавем, ки то охири соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 6 миллион сар чорвои майда мавҷуд буд.
Ба гуфтаи коршиносон, дар муқоиса бо соли 2021 саршумори ҳайвоноти кишоварзӣ дар саросари кишвар ба ҳисоби миёна 4% афзоиш ёфтааст.
Ғайр аз ин 83% чорвои майда дар бахши хусусӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0