https://sputnik.tj/20230418/tasarruf-mln-somoni-pazhuhishgoh-akusheri-tojikiston-1056530488.html
Тасарруфи беш аз 1,5 млн сомонӣ дар пажуҳишгоҳи акушерӣ дар Тоҷикистон
Тасарруфи беш аз 1,5 млн сомонӣ дар пажуҳишгоҳи акушерӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Се масъули муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон дар тасарруфи маблағҳои буҷетӣ муттаҳам мешаванд
2023-04-18T15:20+0500
2023-04-18T15:20+0500
2023-04-18T15:20+0500
дар тоҷикистон
исрофкорӣ
сохтакорӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
пул
коррупсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_d73776bbb044b07d833c1aa10a938b22.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ҳолати исрофкорию азхудкунии маблағҳо дар як муассисаи тандурустии кишвар гузориш додаст. Ба иттилои ин ниҳод, азхудкунии маблағи давлат дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ошкор шудааст. Манбаъ афзуд, ки муҳосиби музди меҳнати Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сариқтисодчӣ ва муҳосиби молии муассисаи мазкур аз ваколатҳои мансабияшон сӯиистифода кардаанд. Тавзеҳ дода шудааст, ки масъулини мазкур дар ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, ведемостҳои тақсимоти музди меҳнат маълумотҳои таҳрифшударо ворид карда, ба давлат зарар расондаанд. Ҳамин тариқ дар маҷмӯъ маблағи умумии зиёда аз 1,5 млн сомониро сомониро беасос ба корти электронии собиқ кормандони муассиса ҳамчун музди меҳнат интиқол додаанд, изҳор дошт Ожонси зидди фасод. Таъкид шудааст, ки пас аз ба таври нақдӣ гирифтани маблағи зикршуда муттаҳамон онро тасарруф намуданд.Ожонси зидди фасод мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати муттаҳамон бар асоси 2 моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз шудааст. Тавзеҳ дода шудааст, ки аз ҷумла бар асоси моддаи 245 барои исрофкорию азхудкунии маблағ ва 323-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ, барои сохтакории хизматӣ таҳқиқи парванда нисбати муттаҳамон идома дорад. Назари худи муттаҳамон дар бораи ҷурми эълоннамудаи мақомоти назорати молиявӣ маълум нест.
https://sputnik.tj/20230416/doru-muhlatashon-guzashta-korrupsiya-vazir-tojik-1056487603.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_4230a5d01a2f12f9d38fed037f54ceba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
се, зан, масъул, акушерӣ, тандурустӣ, тасарруф, айбдор
се, зан, масъул, акушерӣ, тандурустӣ, тасарруф, айбдор
Тасарруфи беш аз 1,5 млн сомонӣ дар пажуҳишгоҳи акушерӣ дар Тоҷикистон
Се масъули муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон дар тасарруфи маблағҳои буҷетӣ муттаҳам мешаванд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ҳолати исрофкорию азхудкунии маблағҳо дар як муассисаи тандурустии кишвар гузориш додаст.
Ба иттилои ин ниҳод, азхудкунии маблағи давлат дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ошкор шудааст.
Манбаъ афзуд, ки муҳосиби музди меҳнати Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сариқтисодчӣ ва муҳосиби молии муассисаи мазкур аз ваколатҳои мансабияшон сӯиистифода кардаанд.
Тавзеҳ дода шудааст, ки масъулини мазкур дар ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, ведемостҳои тақсимоти музди меҳнат маълумотҳои таҳрифшударо ворид карда, ба давлат зарар расондаанд.
Ҳамин тариқ дар маҷмӯъ маблағи умумии зиёда аз 1,5 млн сомониро сомониро беасос ба корти электронии собиқ кормандони муассиса ҳамчун музди меҳнат интиқол додаанд, изҳор дошт Ожонси зидди фасод.
Таъкид шудааст, ки пас аз ба таври нақдӣ гирифтани маблағи зикршуда муттаҳамон онро тасарруф намуданд.
Ожонси зидди фасод мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати муттаҳамон бар асоси 2 моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз шудааст.
Тавзеҳ дода шудааст, ки аз ҷумла бар асоси моддаи 245 барои исрофкорию азхудкунии маблағ ва 323-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ, барои сохтакории хизматӣ таҳқиқи парванда нисбати муттаҳамон идома дорад.
Назари худи муттаҳамон дар бораи ҷурми эълоннамудаи мақомоти назорати молиявӣ маълум нест.