Путин аз қароргоҳи гурӯҳи нерӯҳои "Днепр" дар Херсон дидан кард

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонк Президент РФ Владимир Путин
 Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2023
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Русия барои нахустин бор аз вилояти Херсон дидан кард ва дар он ҷо гузориши раҳбарони низомиро дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ шунид
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин аз қароргоҳи гурӯҳи нерӯҳои "Днепр" дар самти Херсон боздид кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Ӯ гузоришҳои фармондеҳи қушунҳои ҳарбии ҳавоӣ генерал-полковник Теплинский, инчунин фармондеҳи гуруҳ генерал-полковник Макаревич ва дигар роҳбарони низомиро шунид.

"Намехоҳам шуморо аз вазифаҳои мустақими марбут ба фармондиҳӣ ва назорат парешон созам, аз ин рӯ мо дар ин ҷо ба таври кордонона, мухтасар, вале мушаххас суҳбат мекунем", - гуфт ӯ.

Маълум аст, ки Путин зимни мулоқот дар қароргоҳи "Днепр" аз низомиён хоста буд, ки дар бораи вазъ дар самтҳои Херсон ва Запорожье суҳбат кунанд ва маълумоти заруриро мубодила кунанд.
Владимир Путин в Мариуполе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2023
Нахустин сафари Путин ба Мариупол баъд аз оғози амалиёти вижа - видео
Президент таъкид кард, ки барои ӯ шунидани андеша дар бораи чӣ гуна инкишоф ёфтани вазъият дар ин самт муҳим аст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан раисҷумҳури Русия аз минтақаи Мариупол дидан карда, бо сокинони он мулоқот анҷом дод.
Лентаи хабарҳо
0