Нахустин сафари Путин ба Мариупол баъд аз оғози амалиёти вижа - видео

Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия баъд аз оғози амалиёти вижа дар Украина борои аввал аст, ки ба Донбасс сафар кард. Ӯ ахиран бо чархбол вориди шаҳри Мариупол шуд
Кишвардори Русия Владимир Путин аз Мариупол боздид кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.
Раҳбари Русия бо чархбол ба онҷо омада, сипас бо мошин аз чандин навоҳии шаҳр дидан кард. Вай якчанд мавзеъҳоро тамошо карда ва бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кард.
Путин дар рӯзи муттаҳидшавии Қрим бо Русия ба ин минтақа рафт - видео
Владимир Путинро дар ин сафар муовини сарвазири Русия Марат Хуснулин ҳамроҳӣ мекард.
"Марказ хеле вайрон шудааст, дар қисми марказии биноҳо ёдгориҳо мавҷуданд”, — гуфт Хуснуллин.
Дар шаҳр нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор даромад, ҳоло 110 автобус кор мекунад ва трамвайҳо то тобистон ба ҳаракат меоянд, гуфт муовини сарвазир.
Путин: Ғарб ҳатто барои шалғам ҳам ба Русия муроҷиат мекунад
Дар микрорайони Невский Путин бо сокинони маҳаллӣ сӯҳбат кард ва сипас бо даъвати яке аз хонаводаҳо ба хонаи онҳо рафт.
Баъд вай ба Ростови лаби Дон рафт ва дар он ҷо дар нуқтаи фармондеҳии амалиёти вижаи низомӣ маҷлис баргузор кард.
Лентаи хабарҳо
0