Тафсилоти вазифагирии даҳҳо полковнику генерал дар ВКД: кӣ куҷо рафт?
14:00 18.04.2023 (Навсозишуда: 14:38 18.04.2023)
© Дафтари матбуоти ВКД ТоҷикистонКадрҳои навтаъйин дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
© Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тафсилоти тағйироти кадриро дар ин ниҳод, ки дар мувофиқа бо раисҷумҳур амалӣ шудааст, баён дошт
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Генерал-майор Давлатзода Раҳмон Қобил ба вазифаи сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор таъйин гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки полковник Салимбойзода Довар Салимбой ба вазифаи сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД таъйин шуд.
Полковник Абдураҳмонзода Фатҳулло Абдулло вазифаи сардори Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро гирифт.
Полковник Абдуқодирзода Ҷафар Комил сардори ШКД дар шаҳри Турсунзода, полковник Алихон Рустам сардлори ШКД-и ноҳияи Хуросон шудааст.
Полковник Ҷалилзода Эмин Карим вазифаи сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғро соҳиб шудааст.
Полковник Зубайдзода Хайрулло Маҳмуд сардори ШКД-и ноҳияи Восеъ, полковник Маҳмадризо Ҷамшед Маҳмадулло сардори милиса дар Истаравшан, полковник Зубайрзода Ҷамшед Абдулло сардори ШКД №2 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин гардидаанд.
Полковник Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ сардори милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, полковник Каримзода Абдураҳмон Ҳаким сардори милисаи ноҳияи Данғара, полковник Тағойзода Сафарали Хол сардори ШКД дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шудаст.
Дар феҳрасти сардорони дигари нави милиса дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз ҷумла номбар шудаанд:
полковники милитсия Назарзода Ҷумахон Маҳмадрасул ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон;
полковники милитсия Шарифзода Хушвахт Саид ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон;
полковники милитсия Исмоилзода Зафар Исмоил ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;
полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло ба вазифаи сардори Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;
подполковники милитсия Абдулмаҷидзода Рустам Абдулмаҷид ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон;
подполковники милитсия Ибодзода Шодихон Ибод ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Лахши Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт;
подполковники милитсия Амридинзода Ҷумахон Амридин ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон;
подполковники милитсия Одиназода Шоди Лоҳутшо ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд;
подполковники милитсия Ҷумъазода Ҷонибек ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд;
капитани милитсия Умарзод Муҳаммад Мирзоҳайдар ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд.
ВУД таъкид намудааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда дар роҳи таъмини адолат ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ барори кор орзу намудааст.