Аз Хоруғ то маркази Душанбе: таъйини сардорони нави милиса дар Тоҷикистон

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанСотрудники МВД по Согдийской области
Сотрудники МВД по Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2023
Обуна шудан
Тағйироти кадрӣ дар роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Суғд ва Хатлон амалӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷриба таъйин гардидаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки аз ҷумла сардорони милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳри Хоруғ таъйин гардиданд.
Дар навоҳии тобеи марказ сардорони шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Лахш иваз шудаанд.
Ҳамчунин тағйироти кадрӣ дар Хатлон амалӣ гардидад, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Левакант, Хуросон, Восеъ, Данғара, Шамсиддин Шоҳин, Панҷ, Муъминобод, Фархор ва Ховалинг таъйин шуданд.
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2023
Тағйирот дар прокуратура: Абдулазимзода додситони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъйин шуд
Суғд низ аз тағйироти кадрии мақомоти дохилӣ дар канор намондаст. Аз ҷумла дар шаҳрҳои Гулистону Истаравшан, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳ сардорони нави милиса таъйин гардиданд.
Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои навтаъйин аз авзои минтақа ва ҷаҳон зикр гардида, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шудаст.
Ӯ таъкид намудаст, ки кадрҳои ҷавон вобаста ба таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир бояд пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.
Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед, даъват намудаст Раҳмон аз роҳбарони навтаъйин.
Лентаи хабарҳо
0