Манбаъ: Бразилия ҳалли буҳрони Украинаро дар БРИКС баррасӣ мекунад

© Sputnik Саммит БРИКС. Архивное фото.
Саммит БРИКС. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2023
Обуна шудан
Бразилия бо кишварҳои итҳодияи панҷгона ва ё худ БРИКС пешниҳодоти худро барои ҳалли бӯҳрони Украина баррасӣ мекунад, аммо таъкид шудааст, ки он замон мехоҳад
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ҳукумати Бразилия бо кишварҳои узви БРИКС масъалаи пуштибонӣ аз пешниҳоди раисиҷумҳур Луис Инасио Лула да Силва барои ҳалли вазъ дар атрофи Украинаро баррасӣ мекунад.
Дар ин бора як манбаъ дар вазорати корҳои хориҷии Бразилия ба РИА "Новости". хабар додааст
"Мо бо тамоми кишварҳои узви БРИКС гуфтугӯ дорем... Ба ин вақт лозим аст ва ширкати бештари кишварҳоро тақозо мекунад. Роҳҳои ҳалли фаврии ин навъи низоъ вуҷуд надорад", - гуфт манбаъи оҷонсӣ.
Ӯ хотиррасон кард, ки мақсади Бразилия ҷустуҷӯи дастаҷамъонаи сулҳ аст.
Қаблан Лула да Силва гуфта буд, ки ИМА ва Аврупо бояд дар бораи расидан ба созиш дар Украина сӯҳбат кунанд, на ташвиқи низоъ.
Вай аз кишварҳое даъват кард, ки дар муноқиша дар Украина дахил нестанд, масъулиятро барои пешбурди музокирот барои ҳаллу фасли созиш ба дӯш гиранд ва ҳамчунин ба Русия барои поён додан ба ин муноқиша "ҳадди ақал шароит" фароҳам оваранд.
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ИМА музокироти сулҳ миёни Русия ва Украинаро дар соли 2023 интизори надорад
Илова бар ин, вай пешниҳод кардааст, ки формати шабеҳи G20 барои баррасии авзоъ дар Украина таъсис дода шавад.
Рӯзномаи бритониёии Financial Times бо истинод ба Маура Виейра, вазири умури хориҷаи Бразилия, қайд кардааст, ки Лула да Силва мехоҳад бо ширкати Чин барои ҳалли низоъ дар Украина таъсиси "клуби сулҳ"-ро пешниҳод кунад.
Лентаи хабарҳо
0