https://sputnik.tj/20230413/ima-intizor-muzokirot-rusiya-ukraina-nest-1056419815.html
ИМА музокироти сулҳ миёни Русия ва Украинаро дар соли 2023 интизори надорад
ИМА музокироти сулҳ миёни Русия ва Украинаро дар соли 2023 интизори надорад
Sputnik Тоҷикистон
Идораи истихбороти дифои Амрико эҳтимоли оғози музокироти сулҳ миёни Федератсияи Русия ва Украинаро дар соли ҷорӣ аз эҳтимол дур хондааст
2023-04-13T10:14+0500
2023-04-13T10:14+0500
2023-04-13T10:17+0500
има
русия
украина
музокира
сиёсат
дар ҷаҳон
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046355634_0:0:3309:1862_1920x0_80_0_0_43621c69a88902296a717fd876fc5e72.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. ИМА интизор надорад, ки дар соли ҷорӣ музокироти сулҳ миёни Русия ва Украина баргузор шавад.Дар ин бора нашрияи Washington Post дар инстинод ба маълумоти истихбороти Вазортаи дифои Амрико гузориш додааст.Қайд мешавад, ки чунин арзёбӣ бар асоси маълумот дар бораи "шумораи нерӯҳо, аслиҳа ва техникаи ҳар як тараф" сурат мегирад.Як мақоми амрикоӣ, ки номаш ифшо нашудааст, бо ин расона зимни суҳбат гуфтааст, ки барои шарҳ додан ба Владимир Зеленский ва мардуми Украина тасмим мегиранд, ки кай музокиротро оғоз кунанд. Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ба музокирот омода аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ бар онҳо мамнӯъият эълон кардааст. Владимир Зеленский қаблан дар G20 гуфта буд, ки "Минск-3 вуҷуд нахоҳад дошт". Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия ба РИА Новости гуфта буд, ки чунин суханон мавқеъи Киевро дар бораи майл надоштан ба музокира “комилан тасдиқ мекунанд”. Ғарб пайваста аз Федератсияи Русия ба музокира даъват мекунад, ки Маскав барои ин омодагӣ нишон медиҳад, аммо дар баробари ин, Ғарб саркашиҳои пайвастаи Киев аз гуфтушунидро нодида мегирад. Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, Маскав омода аст пешниҳодҳои Киевро дар бораи созиш бо дарназардошти пешниҳодҳои ҷониби Русия ва вазъро баррасӣ кунад, аммо режими Украина ба ин манфиатдор нест.Пригожин гуфт, Украина барои ҳамлаи ҷавобӣ чӣ қадар сарбоз ҷамъ намудаастЁдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.
https://sputnik.tj/20230411/washington-amriko-muvaffaqiyat-ukraina-bovar-1056366067.html
има
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046355634_19:0:2750:2048_1920x0_80_0_0_66071d9375e805ecf3cdc34614cc0aba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има музокирот сулҳ русия украина интизор
има музокирот сулҳ русия украина интизор
ИМА музокироти сулҳ миёни Русия ва Украинаро дар соли 2023 интизори надорад
10:14 13.04.2023 (Навсозишуда: 10:17 13.04.2023) Идораи истихбороти дифои Амрико эҳтимоли оғози музокироти сулҳ миёни Федератсияи Русия ва Украинаро дар соли ҷорӣ аз эҳтимол дур хондааст
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. ИМА интизор надорад, ки дар соли ҷорӣ музокироти сулҳ миёни Русия ва Украина баргузор шавад.
Дар ин бора нашрияи Washington Post дар инстинод ба маълумоти истихбороти Вазортаи дифои Амрико гузориш додааст.
"Музокирот барои хатми низоъ дар тӯли соли 2023 аз рӯи ҳамаи сенарияҳои баррасишуда аз эҳтимол дур аст",- гуфта мешавад дар ҳуҷҷат, ки дар қатори дигар маводи махфӣ, қаблан дар интернет пайдо шуда буд.
Қайд мешавад, ки чунин арзёбӣ бар асоси маълумот дар бораи "шумораи нерӯҳо, аслиҳа ва техникаи ҳар як тараф" сурат мегирад.
Як мақоми амрикоӣ, ки номаш ифшо нашудааст, бо ин расона зимни суҳбат гуфтааст, ки барои шарҳ додан ба Владимир Зеленский ва мардуми Украина тасмим мегиранд, ки кай музокиротро оғоз кунанд.
Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ба музокирот омода аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ бар онҳо мамнӯъият эълон кардааст. Владимир Зеленский қаблан дар G20 гуфта буд, ки "Минск-3 вуҷуд нахоҳад дошт".
Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия ба РИА Новости гуфта буд, ки чунин суханон мавқеъи Киевро дар бораи майл надоштан ба музокира “комилан тасдиқ мекунанд”.
Ғарб пайваста аз Федератсияи Русия ба музокира даъват мекунад, ки Маскав барои ин омодагӣ нишон медиҳад, аммо дар баробари ин, Ғарб саркашиҳои пайвастаи Киев аз гуфтушунидро нодида мегирад.
Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, Маскав омода аст пешниҳодҳои Киевро дар бораи созиш бо дарназардошти пешниҳодҳои ҷониби Русия ва вазъро баррасӣ кунад, аммо режими Украина ба ин манфиатдор нест.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.