https://sputnik.tj/20230417/namoyanda-tojikiston-qahramonii-jahon-muayyan-1056492955.html
Намояндаҳои Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон муайян шуданд
Намояндаҳои Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон муайян шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи низомнома, дар қаҳрамонии ҷаҳон варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ то аввали апрел вориди садгона шудаанд
2023-04-17T10:25+0500
2023-04-17T10:25+0500
2023-04-17T10:25+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дзюдо
қаҳрамонӣ
чемпионат
қаҳрамонии ҷаҳон
паҳлавон
қатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047323542_0:60:785:502_1920x0_80_0_0_b6e9354cd5ddbb57e7314bcc54a63cc6.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати мунтахаби кишварро, ки рӯзҳои 7-14 майи соли равон дар чемпионати ҷаҳон шаҳри Давҳаи Қатар иштирок мекунанд, эълон намуд. Ба иттилои манбаъ, дар чемпионат варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ то 3 апрел ба 100-гонаи аввал дохил гардидаанд. Тибқи пешниҳоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон, дар вазни то 66 кило ҷумҳуриро дар чемпионат Эмомалӣ Нуралӣ ва Шаҳбоз Саидаброров намояндагӣ мекунанд.Дар вазни то 73 кило - Беҳрӯз Хоҷазода, то 81кг - Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 90 кило - Комроншоҳ Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило Абубакри Акобир ва беш аз 100 кило Темур Раҳимов сабқат мекунанд.Зикр гардидаст, ки хазинаи қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо дар соли равон 1 млн евроро ташкил медиҳад.Дар нерӯсанҷиҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 26 ҳазор евро, ба барандагони медали нуқра 15 ҳазор ва барандагони медали биринҷӣ 8 ҳазор евро пешбинӣ гардидааст. Дар мавриди ҷоизаи рақобатҳои даставӣ муқаррар шудаст, ки барои ҷои якум бо 90 ҳазор евро, барои ҷои дуюм бо 60 ҳазор евро ва барои ҷои сеюм бо 25 ҳазор евро қадрдонӣ хоҳанд шуд. Дар баробари ҷоизаю мукофотпулӣ ҷудокорон имкони гирифтани холҳо ва беҳтар намудани мавқеашон дар радабандии ҷаҳониро доранд. Таъкид гардидаст, ки барои барандаҳои ҷойи аввал дар қаҳрамонӣ 2 ҳазор хол, барандагони ҷои дуюм 1400 ва ҷои сеюм 1 ҳазор хол муқаррар гардидааст.
https://sputnik.tj/20230409/poyon-jom-osiyo-pahlavonon-tojik-medal-1056334451.html
қатар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047323542_0:0:785:589_1920x0_80_0_0_33407e625d7a9deb5ee0b3bd5914ca55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намояндаҳо, тоҷикистон, чемпионат, қаҳрамонӣ, ҷаҳон
намояндаҳо, тоҷикистон, чемпионат, қаҳрамонӣ, ҷаҳон
Намояндаҳои Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон муайян шуданд
Тибқи низомнома, дар қаҳрамонии ҷаҳон варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ то аввали апрел вориди садгона шудаанд
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати мунтахаби кишварро, ки рӯзҳои 7-14 майи соли равон дар чемпионати ҷаҳон шаҳри Давҳаи Қатар иштирок мекунанд, эълон намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар чемпионат варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ то 3 апрел ба 100-гонаи аввал дохил гардидаанд.
Тибқи пешниҳоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон, дар вазни то 66 кило ҷумҳуриро дар чемпионат Эмомалӣ Нуралӣ ва Шаҳбоз Саидаброров намояндагӣ мекунанд.
Дар вазни то 73 кило - Беҳрӯз Хоҷазода, то 81кг - Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 90 кило - Комроншоҳ Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило Абубакри Акобир ва беш аз 100 кило Темур Раҳимов сабқат мекунанд.
Зикр гардидаст, ки хазинаи қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо дар соли равон 1 млн евроро ташкил медиҳад.
Дар нерӯсанҷиҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 26 ҳазор евро, ба барандагони медали нуқра 15 ҳазор ва барандагони медали биринҷӣ 8 ҳазор евро пешбинӣ гардидааст.
Дар мавриди ҷоизаи рақобатҳои даставӣ муқаррар шудаст, ки барои ҷои якум бо 90 ҳазор евро, барои ҷои дуюм бо 60 ҳазор евро ва барои ҷои сеюм бо 25 ҳазор евро қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Дар баробари ҷоизаю мукофотпулӣ ҷудокорон имкони гирифтани холҳо ва беҳтар намудани мавқеашон дар радабандии ҷаҳониро доранд.
Таъкид гардидаст, ки барои барандаҳои ҷойи аввал дар қаҳрамонӣ 2 ҳазор хол, барандагони ҷои дуюм 1400 ва ҷои сеюм 1 ҳазор хол муқаррар гардидааст.