Поёни Ҷоми Осиё: паҳлавонони тоҷик панҷ медал ба даст оварданд

© Федератсияи ҷудои ТоҷикистонПаҳлавони тоҷик Иброҳимҷон Эмуродов барандаи медали тило миёни сангинвазнҳо дар Ҷоми кушоди Осиё миёни ҷавонон оид ба ҷудо
Паҳлавони тоҷик Иброҳимҷон Эмуродов барандаи медали тило миёни сангинвазнҳо дар Ҷоми кушоди Осиё миёни ҷавонон оид ба ҷудо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2023
Обуна шудан
Охирин рӯзи Ҷоми кушоди Осиё миёни ҷавонон барои паҳлавонони тоҷик бобарор анҷомид. Онҳо тавонистанд, ки ду медали дигар ба даст оранд
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Дастаи Тоҷикистон дар рӯзи сеюми мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё миёни ҷавонон дар шаҳри Алмаато ду медал-як тило ва як биринҷӣ ба даст овард.
Барои расидан ба медали тило Иброҳимҷон Элмуродов ҷудокори мизбон Нурсултан Кабланро дар финал шикаст дод. Ӯ дар вазни бештар аз 100 кг рақобат кард.
Паҳлавони дигари кишвар Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, ки зери вазни 81 кг дар рақобат бар ҳарифи қазоқаш Йегор Ракови пирӯз шуда, медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард.
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2023
Бошгоҳи "Ҳоҷӣ Шариф" ба даври ниманиҳоии Лигаи қитъавии ҷудо роҳ ёфт
Ҳамин тариқ дар умум паҳлавонони кишвар дар ин мусобиқа чаҳор биринҷӣ ва як тило гирифтанд.
Дар ин рӯз ҳамзамон Умедҷон Раҷабов низ дар вазни то 90 кг сабқат кард, аммо аз ҳарифи қазоқаш Кудюрет Досюмов шикаст хӯд. Номбурда мақоми 5-умро дар вазни худ соҳиб шуд ва Сайфиддин Сайфиддинзода бошад, дар вазни 81 кг ҷойи 7-умро гирифт
Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи якуми сабқатҳо се ҷудокор- Лоиқ Қутбиддинов (-55кг), Ворис Назаров (-66кг) ва Аминҷон Абдуҷалилзода (-73кг) медалҳои биринҷӣ гирифта буданд.
Лентаи хабарҳо
0