https://sputnik.tj/20230417/kreml-sukhanon-putin-omodagi-flot-1056509559.html
Замони ноором: Кремл суханони Путин дар бораи омодагии флотро шарҳ дод
Замони ноором: Кремл суханони Путин дар бораи омодагии флотро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо вазири мудофиаи кишвар дастур дод, ки нерӯҳои баҳрӣ дар ҳолати омодабоши ҷангии пайваста қарор дода шаванд
2023-04-17T16:45+0500
2023-04-17T16:45+0500
2023-04-17T16:45+0500
дар русия
амният ва мудофиа
ором
уқёнус
неруҳои баҳрӣ
кремл
владимир путин
дмитрий песков
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/04/1051861762_0:123:3205:1926_1920x0_80_0_0_5a1bbbbef3bfad8ba8d2d1b8bef6a4f9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Замон ноором аст ва хатари муноқишаҳои минтақавӣ вуҷуд дорад, изҳор дошт сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков дар шарҳи суханони раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мавриди омодагии флот. Путин ахиран дар мулоқот бо вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, ки нерӯҳои баҳрӣ дар бахшҳои ҷудогона метавонанд дар низоъҳо дар ҳамаи самт истифода шаванд. Раисҷумҳур бо зикри ин нукта хостори таваҷҷуҳ ба таҳия ва омодасозии размоишҳо чӣ дар Флоти Уқёнуси Ором ва чи дар дигар бахшҳо шуд. Песков дар шарҳи суханони Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия дар муҳити хатарзо қарор дорад. "Муҳити мо дар бисёр манотиқ хеле ноором аст, ки пур аз ҳолатҳои низоъхез аз ҷумла низоъҳои минтақавӣ аст. Мо ҳама ҷуғрофиёи ин низоъҳои минтақавиро хуб медонем", - илова намуд намояндаи Кремл. Вай дар мавриди эътирози Токио дар робита ба машқҳои низомии Русия гуфт, ки ҳамаи размоишҳо бо риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ сурат мегиранд. Ахиран Ҷопон дар робита ба машқҳои Федератсияи Русия дар наздикии ҷазираҳои Курил эътироз карда буд. Аз 14 апрел санҷиши ногаҳонии комили нерӯҳои Флоти Уқёнуси Ором, гузаронида шуд. Ба санҷишҳо аз ҷумла ҳавопаймоҳои дурпарвоз, ҳавопаймоҳи ҳавзаи ҳарбии шарқӣ ва қисму воҳидҳои таъминот ҷалб карда шудаанд.
https://sputnik.tj/20230111/kreml-ovozaho-man-khuruj-mardon-rusiyaro-sharh-1054136338.html
ором
уқёнус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/04/1051861762_237:0:2968:2048_1920x0_80_0_0_563efecc378d308fa0d3386a4b9a5573.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чаро, президент, русия, флот, омода, дастур, супориш
чаро, президент, русия, флот, омода, дастур, супориш
Замони ноором: Кремл суханони Путин дар бораи омодагии флотро шарҳ дод
Раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо вазири мудофиаи кишвар дастур дод, ки нерӯҳои баҳрӣ дар ҳолати омодабоши ҷангии пайваста қарор дода шаванд
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Замон ноором аст ва хатари муноқишаҳои минтақавӣ вуҷуд дорад, изҳор дошт сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков дар шарҳи суханони раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мавриди омодагии флот.
Путин ахиран дар мулоқот бо вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, ки нерӯҳои баҳрӣ дар бахшҳои ҷудогона метавонанд дар низоъҳо дар ҳамаи самт истифода шаванд.
Раисҷумҳур бо зикри ин нукта хостори таваҷҷуҳ ба таҳия ва омодасозии размоишҳо чӣ дар Флоти Уқёнуси Ором ва чи дар дигар бахшҳо шуд.
Песков дар шарҳи суханони Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия дар муҳити хатарзо қарор дорад.
"Муҳити мо дар бисёр манотиқ хеле ноором аст, ки пур аз ҳолатҳои низоъхез аз ҷумла низоъҳои минтақавӣ аст. Мо ҳама ҷуғрофиёи ин низоъҳои минтақавиро хуб медонем", - илова намуд намояндаи Кремл.
Вай дар мавриди эътирози Токио дар робита ба машқҳои низомии Русия гуфт, ки ҳамаи размоишҳо бо риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ сурат мегиранд. Ахиран Ҷопон дар робита ба машқҳои Федератсияи Русия дар наздикии ҷазираҳои Курил эътироз карда буд.
Аз 14 апрел санҷиши ногаҳонии комили нерӯҳои Флоти Уқёнуси Ором, гузаронида шуд. Ба санҷишҳо аз ҷумла ҳавопаймоҳои дурпарвоз, ҳавопаймоҳи ҳавзаи ҳарбии шарқӣ ва қисму воҳидҳои таъминот ҷалб карда шудаанд.