https://sputnik.tj/20230111/kreml-ovozaho-man-khuruj-mardon-rusiyaro-sharh-1054136338.html
Кремл овозаҳо дар бораи манъи хуруҷи мардон аз Федератсияи Русияро шарҳ дод
Кремл овозаҳо дар бораи манъи хуруҷи мардон аз Федератсияи Русияро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Як рӯз қабл дар интернет маълумоти дурӯғин дар бораи манъи хуруҷ аз Русия, ки ба шаҳрвандони синни даъват ба хидмат дахл дошт, паҳн шуда буд 11.01.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-01-11T20:20+0500
2023-01-11T20:20+0500
2023-02-08T19:46+0500
кремл
амалиёти вижа
дмитрий песков
вазорати дифоъи фр
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048214503_0:180:3005:1870_1920x0_80_0_0_af331e2ffc81480bf23f00afbe87cc94.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Хабарҳо дар бораи маҳдудияти хуруҷи русиягиҳои синни даъват ба артиш аз 9 январи соли ҷорӣ "харобкории иттилоотӣ" аст.Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар дод. "Инро метавон як чангаки маъмулии иттилоотӣ ва ё тахрибкории иттилоотӣ номид", - гуфт ӯ. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси фармон бо истинод ба шӯъбаи истихбороти Вазорати дифои Русия паҳн шуда буд, ки он манъи сафар ба даъватшавандагони категорияҳои А, В ва С-ро пешбинӣ мекунад.Ин бори аввал нест, ки Песков маҷбур мешавад, ки ин гуна хабарҳоро рад кунад. Дар гузашта низ ӯ паёмҳои қалбакӣ аз шабакаҳои номаълуми Telegram дар бораи омодагӣ ба мавҷи нави сафарбаркунии қисман дар кишварро дурӯғ хонда буд.Котиби матбуотӣ даъват кардааст, ки ба маводҳои дар Интернет паҳншуда аҳамияти ҷиддӣ набояд дод. Вай ёдовар шуд, ки манбаи аввалиндараҷаи ин гуна иттилоъ ҳукумати расмӣ аст.
https://sputnik.tj/20221207/putin-basiji-navbati-1053358704.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048214503_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a0ae433d1763f4a6d64f1480413a9600.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кремл, амалиёти вижа, дмитрий песков, вазорати дифоъи фр, дар русия
кремл, амалиёти вижа, дмитрий песков, вазорати дифоъи фр, дар русия
Кремл овозаҳо дар бораи манъи хуруҷи мардон аз Федератсияи Русияро шарҳ дод
20:20 11.01.2023 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Як рӯз қабл дар интернет маълумоти дурӯғин дар бораи манъи хуруҷ аз Русия, ки ба шаҳрвандони синни даъват ба хидмат дахл дошт, паҳн шуда буд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Хабарҳо дар бораи маҳдудияти хуруҷи русиягиҳои синни даъват ба артиш аз 9 январи соли ҷорӣ "харобкории иттилоотӣ" аст.
Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар дод.
"Инро метавон як чангаки маъмулии иттилоотӣ ва ё тахрибкории иттилоотӣ номид", - гуфт ӯ.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси фармон бо истинод ба шӯъбаи истихбороти Вазорати дифои Русия паҳн шуда буд, ки он манъи сафар ба даъватшавандагони категорияҳои А, В ва С-ро пешбинӣ мекунад.
Ин бори аввал нест, ки Песков маҷбур мешавад, ки ин гуна хабарҳоро рад кунад.
Дар гузашта низ ӯ паёмҳои қалбакӣ аз шабакаҳои номаълуми Telegram дар бораи омодагӣ ба мавҷи нави сафарбаркунии қисман дар кишварро дурӯғ хонда буд.
Котиби матбуотӣ даъват кардааст, ки ба маводҳои дар Интернет паҳншуда аҳамияти ҷиддӣ набояд дод.
Вай ёдовар шуд, ки манбаи аввалиндараҷаи ин гуна иттилоъ ҳукумати расмӣ аст.