Ҷанубу шарқи Тоҷикистонро заминҷунбӣ такон дод

CC BY-SA 3.0 / Yamaguchi先生 / Сейсмограф. Архивное фото
Сейсмограф. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2023
Обуна шудан
Маркази заминларза дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон қарор дошта, гуфта мешавад, ки талафоти ҷонию хисороти молӣ дар пай надоштаст
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар 378-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд, иттилоъ дод КҲФ Тоҷикистон бо такя ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҷунбиши замин соати 03:46 дақиқаи 17 апрел сабт гардидааст.

“Маркази заминларза дар 86-километрии ғарби ноҳияи Мурғоб ва 153-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ воқеъ буд”, - омадааст дар хабари КҲФ.

Манбаъ қувваи онро дар марказ 4 балл, дар ноҳияи Мурғоб 2-3 ва дар шаҳри Хоруғ 2 балл арзёбӣ кард. Таъкид шудааст, ки офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ надошт.
Маврид ба зикр аст, ки охирин заминларзаи харобиовар дар Тоҷикистон охири моҳи марти соли равон ба қайд гирифта шуда буд.
Помощь пострадавшим от землетрясений в Горной Матче - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2023
Ба зарардидагони зилзила дар Мастчоҳи Куҳӣ аз дигар навоҳӣ кумак мефиристанд
Мақомоти вилояти Суғд зарари заминҷунбӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳро, ки 23 март рух дода буд, беш аз 4 млн сомонӣ ҳисоб карда буданд.
Ба иттилои мақомот, танҳо хисороти хонаҳои истиқоматӣ, ки бархе қисман ва баъзе пурра бар асари заминҷунбӣ тахриб шуданд, ба зиёда аз 1 млн сомонӣ баробар шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки барои муайян ва бартараф кардани оқибатҳои ин заминларза, комиссияи вижае таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода таъсис дода шуда, фаъолият дорад.
Лентаи хабарҳо
0