https://sputnik.tj/20230404/zarardidagon-zilzila-mastchohi-kumak-1056133728.html
Ба зарардидагони зилзила дар Мастчоҳи Куҳӣ аз дигар навоҳӣ кумак мефиристанд
Ба зарардидагони зилзила дар Мастчоҳи Куҳӣ аз дигар навоҳӣ кумак мефиристанд
Sputnik Тоҷикистон
Чубу тахта ва шифер аз дигар навоҳӣ барои барқарор намудани хоҷагиҳое, ки аз зилзила дар Мастчоҳи Куҳӣ зарар дидаанд, фиристода мешавад. 04.04.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-04-04T09:35+0500
2023-04-04T09:35+0500
2023-04-04T09:35+0500
дар тоҷикистон
кӯҳистони мастчоҳ
кӯмак
зилзила
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/03/1056131818_0:66:640:427_1920x0_80_0_0_67db72a98b63419231ba1740dad3068a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Сокинони ноҳияи Мастчоҳ Куҳӣ, ки аз зилзилаи ахир зарар дида буданд, масолехи бинокорй гирифтанд. Бино ба иттилои АМИТ "Ховар", аз ҷониби сокинони ноҳияи Масчоҳ ба ин зарардидагони заминҷунбӣ даҳҳо метри мукааб чубу тахта ва шифер ворид шудааст. Қаблан кумакҳо дар шакли масолеҳи сохтмонӣ аз мақомоти Бӯстон низ меомаданд. Ҳамчунин маводҳои хӯрокаю сохтмони аз захираҳои ҳукуматӣ ва дигар шаҳру навоҳӣ расида буданд.Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март дар вилояти Суғд як силсила заминларза рух дод, ки марказаш дар 130-километрии шимолу шарқи Душанбе дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ воқеъ буд. Тибқи ҳисобҳои Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон, шиддати зилзила аз 3,9 то 6 баллро ташкил додааст.Бино ба хулосаи Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи вилоятиву ноҳиявӣ 318 хонаҳои истиқоматии ноҳияи мазкур зарар дидаанд.Илова бар ин, бар асари зилзилаҳои шабона тақрибан 120 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда ҳалок шудаанд.Пас аз ҳодисаи изтирорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як комиссияи вижае таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода таъсис дод, ки ҳоло он зарари зилзиларо дақиқ мекунанд.
https://sputnik.tj/20230327/eloni-khisoroti-zaminlarza-dar-mastchoh-1055777838.html
кӯҳистони мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/03/1056131818_50:0:619:427_1920x0_80_0_0_988a9f963e2709f13038d68e196df528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кӯҳистони мастчоҳ, кӯмак, зилзила
дар тоҷикистон, кӯҳистони мастчоҳ, кӯмак, зилзила
Ба зарардидагони зилзила дар Мастчоҳи Куҳӣ аз дигар навоҳӣ кумак мефиристанд
Чубу тахта ва шифер аз дигар навоҳӣ барои барқарор намудани хоҷагиҳое, ки аз зилзила дар Мастчоҳи Куҳӣ зарар дидаанд, фиристода мешавад.
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Сокинони ноҳияи Мастчоҳ Куҳӣ, ки аз зилзилаи ахир зарар дида буданд, масолехи бинокорй гирифтанд.
Бино ба иттилои АМИТ "Ховар", аз ҷониби сокинони ноҳияи Масчоҳ ба ин зарардидагони заминҷунбӣ даҳҳо метри мукааб чубу тахта ва шифер ворид шудааст.
Қаблан кумакҳо дар шакли масолеҳи сохтмонӣ аз мақомоти Бӯстон низ меомаданд.
Ҳамчунин маводҳои хӯрокаю сохтмони аз захираҳои ҳукуматӣ ва дигар шаҳру навоҳӣ расида буданд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март дар вилояти Суғд як силсила заминларза рух дод, ки марказаш дар 130-километрии шимолу шарқи Душанбе дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ воқеъ буд.
Тибқи ҳисобҳои Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон, шиддати зилзила аз 3,9 то 6 баллро ташкил додааст.
Бино ба хулосаи Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи вилоятиву ноҳиявӣ 318 хонаҳои истиқоматии ноҳияи мазкур зарар дидаанд.
Илова бар ин, бар асари зилзилаҳои шабона тақрибан 120 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда ҳалок шудаанд.
Пас аз ҳодисаи изтирорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як комиссияи вижае таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода таъсис дод, ки ҳоло он зарари зилзиларо дақиқ мекунанд.