Барканории раҳбарияти КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”: Ба ҷои онҳо кӣ таъйин шуд?

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон муовин ва муовини яккуми КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-ро аз вазифа озлд кард ва ба ҷойи онҳои мутахассисони тоза таъйн кард
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" тағйироти кадрӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи қарори раисҷумҳури Тоҷикистон муовини якуми директори генералии КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" Ғаффорзода Ҷурахон Маҳмад ва муовини директори ин корхонаи давлатӣ Ҷабборзода Хуршед Бурӣ аз вазифаи ишғол намудашон озод шуданд.
Тибқ иттилои манбаъ ин ду мақомдори тоҷик аз вазифаи ишғолкардаашон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз кор озод шуданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2023
Ҳамдардем: Раҳмон ба Бердимуҳамедов занг зад
Ҳамзамон бо қарори дигар Эмомалӣ Раҳмон Достизода Абдулазиз Абдурашидро ба вазифаи муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" таъйин кард.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон Расулзода Раҷабалӣ Абдусаидро ба вазифаи муовини директори генералии КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" таъйин намуд.
Лентаи хабарҳо
0