https://sputnik.tj/20230408/hamdardem-rahmon-berdimuhamedov-zang-zad-1056324511.html
Ҳамдардем: Раҳмон ба Бердимуҳамедов занг зад
Ҳамдардем: Раҳмон ба Бердимуҳамедов занг зад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбати телефонии ахир бо президенти Тоҷикистон ба пайвандону наздиконаш таъзияи самимӣ баён кард
2023-04-08T17:50+0500
2023-04-08T17:50+0500
2023-04-08T17:50+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
ҳамдардӣ
таъзия
эмомалӣ раҳмон
сардор бердимуҳаммадов
суҳбати телефонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051099899_0:139:2889:1764_1920x0_80_0_0_9295e36fee122362c887a89d9a3223d1.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ирсоли барқияи тасалӣ ба Қурбонқули Бердимуҳаммедов ахиран ба писари ӯ кишвардори Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов занг зад ва шахсан изҳори ҳамдардӣ баён кард.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистон ба президенти Туркманистони дӯст бо суханҳои таслият муроҷиат карда, дар иртибот ба реҳлати модаркалонашон Огулабад Эдже ба ӯ ва ҳамаи пайвандону наздиконашон таъзияи самимӣ баён карданд.Ёдовар мешавем, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сердар Бердимуҳамедов барқияи ҳамдардӣ ирсол намуданд.Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ба ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Қурбонқули Бердимуҳамедов низ барқияи тасаллият ирсол кард.“Хабари даргузашти модари соҳибэҳтироми Шумо – Огулабад эдже боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллии самимӣ ва таъзияи амиқи ин ҷонибро қабул фармоед. Дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам”, - навиштааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.Бояд қайд кард, ки рӯзҳои 10-11 апрел қарор буд раисҷумҳури Туркманистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меомад.Сафари расмии раисиҷумҳури Туркманистон Сардо Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон бинобар даргузашти модаркалонаш ба муддати номуайян ба таъхир гузошта шуд.Дар ҳамин ҳол Палатаи Савдо ва саноати кишвар хабар додааст, ки ҷаласаи нахустини Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон, ва ҳамчунин бизнес-форуми соҳибкорони ҳарду кишвар, ки дар ҳошияи сафари оқои Бердимуҳаммедов баргузор мешуд, низ лағв шуд.
https://sputnik.tj/20230408/safar-raisjumhur-turkmaniston-tojikiston-marg-modarbuzurg-takhir-1056304979.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051099899_158:0:2889:2048_1920x0_80_0_0_bad674716c8e4c2d9bc55540ab87180e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркманистон, бердимуҳаммедов, занг, ҳамдардӣ, таъзия, самимӣ
тоҷикистон, туркманистон, бердимуҳаммедов, занг, ҳамдардӣ, таъзия, самимӣ
Ҳамдардем: Раҳмон ба Бердимуҳамедов занг зад
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбати телефонии ахир бо президенти Тоҷикистон ба пайвандону наздиконаш таъзияи самимӣ баён кард
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ирсоли барқияи тасалӣ ба Қурбонқули Бердимуҳаммедов ахиран ба писари ӯ кишвардори Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов занг зад ва шахсан изҳори ҳамдардӣ баён кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистон ба президенти Туркманистони дӯст бо суханҳои таслият муроҷиат карда, дар иртибот ба реҳлати модаркалонашон Огулабад Эдже ба ӯ ва ҳамаи пайвандону наздиконашон таъзияи самимӣ баён карданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сердар Бердимуҳамедов барқияи ҳамдардӣ ирсол намуданд.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ба ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Қурбонқули Бердимуҳамедов низ барқияи тасаллият ирсол кард.
“Хабари даргузашти модари соҳибэҳтироми Шумо – Огулабад эдже боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллии самимӣ ва таъзияи амиқи ин ҷонибро қабул фармоед. Дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам”, - навиштааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд қайд кард, ки рӯзҳои 10-11 апрел қарор буд раисҷумҳури Туркманистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меомад.
Сафари расмии раисиҷумҳури Туркманистон Сардо Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон бинобар даргузашти модаркалонаш ба муддати номуайян ба таъхир гузошта шуд.
Дар ҳамин ҳол Палатаи Савдо ва саноати кишвар хабар додааст, ки ҷаласаи нахустини Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон, ва ҳамчунин бизнес-форуми соҳибкорони ҳарду кишвар, ки дар ҳошияи сафари оқои Бердимуҳаммедов баргузор мешуд, низ лағв шуд.