Арзонӣ мешавад? Кишоварзони Хатлон 400 тонна пиёзро ба бозор бароварданд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонМешок лука
Мешок лука - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2023
Обуна шудан
Нарху навои пиёз дар бозорҳои кишвар гарону талабот ба он бошад бештар ва ба хотири муътадил кардани нархи пиёз ба бозорҳо пиёзи барвақтиро ба фурӯш бароварданд
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Наздик ба 400 тонна ҳосили пиёзи барвақтии хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун аллакай ба бозор баромад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳудуди 10 рӯз аст, ки дар ин ноҳия, хоҷагидорони пешқадам пайи ҷамъоварии ҳосили пиёз гашта, арзиши онро ба 3 ва 3 сомонию 50 дирам поин фароварданд.
Таъкид шудааст, ки соли равон кишоварзони ноҳия, дар майдони 3 ҳазору 400 гектар пиёзи барвақтии навъи тунис кишт карда, то имрӯз беш аз 20 гектари онро ҷамъоварӣ намуданд.
Торговля на рынке Истарвашана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2023
Пиёз гарон шуду пахта арзон: кишоварзони Суғд имсол чӣ бештар кишт мекунанд?
Бино ба иттилои ӯ, ҳосили пиёз дар саҳро хуб буда, хоҷагидорон аз 1 гектар 400-450 сентнер ҳосил ба даст оварда истодаанд.
Ҳамзамон мақомоти вилояти Хатлон қайд кардааст, ки нарху навои пиёз дар бозорҳои кишвар гарону талабот ба он бошад бештар гардидааст.
“Аз ин рӯ онҳо истеҳсоли ин намуди маҳсулоти кишоварзиро оғоз бахшидаанд то тавонанд нархро низ дар бозорҳои мамлакат муътадил намоянд. Чун ҳамасола бо истеҳсол гардидани пиёз аз ин минтақа нарху наво низ дар бозор тағйир меёбад”, - зикр кардааст мақомоти Хатлон.
Лентаи хабарҳо
0