https://sputnik.tj/20230416/josus-amriko-sarnavisht-zelenskiy-1056486282.html
Ҷосуси амрикоӣ гуфт, Зеленскийро чӣ сарнавишт интизор аст
Ҷосуси амрикоӣ гуфт, Зеленскийро чӣ сарнавишт интизор аст
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ афсари истихбороти ИМА президенти Украинаро дар ҳалокатҳои даҳҳо ҳазор сарбоз, миллионҳо гуреза ва парокандагии ҷомеаи кишвар гунаҳкор хонд
2023-04-16T14:00+0500
2023-04-16T14:00+0500
2023-10-02T17:12+0500
дар ҷаҳон
владимир зеленский
има
ошӯб
сиёсат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/11/1049276314_0:810:2200:2048_1920x0_80_0_0_2086683a686340f43ec640ece208b44f.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский эҳтимол дар ҷараёни исён бар асари норозигии шаҳрвандони украинӣ кушта хоҳад шуд. Инро собиқ афсари иктишофии Корпуси баҳрии ИМА Скотт Риттер дар мусоҳиба бо саҳифаи Redacted дар шабакаи YouTube баён доштаст. "Ҳамчун инсонпарвар хоста мешавад, ки ӯ ва оилаи ӯро ба ҳавопаймо ё қатор савор карда, ба ғурбат бадарға кунанд, то дар он ҷо зиндагии бароҳат дошта бошанд ва ҷаҳон барои корҳое, ки ба мардуми Украина кард, ӯро абадан маҳкум кунад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Риттер. Вай афзудаст, ки агар воқеъбинона фикр кунад, Зеленский ба эҳтимоли зиёд аз дасти украиниҳо, ки бар зидди ӯ қиём мекунанд, ба қатл расонда хоҳад шуд. Ӯ иддао дорад, ки украиниҳо бар зидди Зеленский ошӯб хоҳанд зад, зеро вай на танҳо сабаби вазъи вахим дар майдони ҷанг аст, ки дар натиҷа садҳо ҳазор сарбоз кушта шуданд. Собиқ афсар, президенти Украинаро ҳамчуинн дар он гунаҳкор донист, ки миллионҳо нафар кишварро ночор тарк кардаанд, ҷомеаи украина комилан пош хӯрдааст. "Ин як ҳолати фоҷиабор аз ҳар ҷиҳату нигоҳ мебошад", - таъкид намудааст собиқ афсари низомии нерӯҳои ИМА. Мушовири собиқи Пентагон полковник Дуглас Макгрегор низ қаблан гуфта буд, ки артиши украинӣ метавонад алайҳи раҳбари Украина қиём кунаду ӯро ба қатл расонад.
https://sputnik.tj/20230416/farmondeh-neru-ukraini-samti-zaparozhe-1056486029.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/11/1049276314_188:711:1971:2048_1920x0_80_0_0_689c8a5bb720c988c1396868304cf134.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тақдир, владимир зеленский, посух, низомӣ, има
тақдир, владимир зеленский, посух, низомӣ, има
Ҷосуси амрикоӣ гуфт, Зеленскийро чӣ сарнавишт интизор аст
14:00 16.04.2023 (Навсозишуда: 17:12 02.10.2023) Собиқ афсари истихбороти ИМА президенти Украинаро дар ҳалокатҳои даҳҳо ҳазор сарбоз, миллионҳо гуреза ва парокандагии ҷомеаи кишвар гунаҳкор хонд
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский эҳтимол дар ҷараёни исён бар асари норозигии шаҳрвандони украинӣ кушта хоҳад шуд.
Инро собиқ афсари иктишофии Корпуси баҳрии ИМА Скотт Риттер дар мусоҳиба бо саҳифаи Redacted дар шабакаи YouTube баён доштаст.
"Ҳамчун инсонпарвар хоста мешавад, ки ӯ ва оилаи ӯро ба ҳавопаймо ё қатор савор карда, ба ғурбат бадарға кунанд, то дар он ҷо зиндагии бароҳат дошта бошанд ва ҷаҳон барои корҳое, ки ба мардуми Украина кард, ӯро абадан маҳкум кунад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Риттер.
Вай афзудаст, ки агар воқеъбинона фикр кунад, Зеленский ба эҳтимоли зиёд аз дасти украиниҳо, ки бар зидди ӯ қиём мекунанд, ба қатл расонда хоҳад шуд.
Ӯ иддао дорад, ки украиниҳо бар зидди Зеленский ошӯб хоҳанд зад, зеро вай на танҳо сабаби вазъи вахим дар майдони ҷанг аст, ки дар натиҷа садҳо ҳазор сарбоз кушта шуданд.
Собиқ афсар, президенти Украинаро ҳамчуинн дар он гунаҳкор донист, ки миллионҳо нафар кишварро ночор тарк кардаанд, ҷомеаи украина комилан пош хӯрдааст.
"Ин як ҳолати фоҷиабор аз ҳар ҷиҳату нигоҳ мебошад", - таъкид намудааст собиқ афсари низомии нерӯҳои ИМА.
Мушовири собиқи Пентагон полковник Дуглас Макгрегор низ қаблан гуфта буд, ки артиши украинӣ метавонад алайҳи раҳбари Украина қиём кунаду ӯро ба қатл расонад.