https://sputnik.tj/20230416/jarrohi-murakkab-tojikiston-amaliyoti-gurda-jigar-1056487392.html
Дар Тоҷикистон чанд амалиёти пайвандсозии гурдаю ҷигар гузаронда шуд?
Дар Тоҷикистон чанд амалиёти пайвандсозии гурдаю ҷигар гузаронда шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон азм доранд, ки шароити гузарондани ҷароҳиҳои мураккабро дар дохили ҷумҳурӣ фароҳам созанд
2023-04-16T15:00+0500
2023-04-16T15:00+0500
2023-04-16T15:00+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ҷарроҳӣ
сиррози ҷигар
пайвандон
данғара
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102133/31/1021333158_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_7ffcceaae7692299d82932a6f477bb76.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дар давоми семоҳаи аввали соли равон барои беш аз 60 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияташ дар 3 моҳи аввали соли равон баён дошт. Ин ниҳод таъкид намуд, ки азм доранд, барои дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб шароит фароҳам оранд. Тавзеҳ дода шуд, ки бархе аз ҷароҳиҳо, ки қаблан бо арзиши гарон дар хориҷи кишвар анҷом дода мешуд, феълан бо хароҷоти нисбатан кам дар дохили ҷумҳурӣ анҷом дода мешаванд. Зикр гардид, ки дар 3 моҳи соли 2023 ба 61 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд. Аз ин шумора 57 нафар дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ҷарроҳӣ карда шудаанд. "Аз ҷумла барои 42 нафар амалиёти пайвандсоозии гурда ва 15 нафар пайвандсозии ҷигар гузаронда шудааст", - омадааст дар иттилоия. Вазорати тандурустии Тоыикистон таъкид намуд, ки барои 4 нафари дигар амалиёти пайвандсозии гурда дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара гузаронда шуд. Масъулини тандурустии Тоҷикистон қаблан изҳор дошта буданд, ки ба далели сифати хубу нархи нисбатан арзони ҷарроҳиҳои мураккаби пайвандсозии узву бофтаҳо, бархе аз шаҳрвандони хориҷӣ низ ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ муроҷиат мекунанд.
https://sputnik.tj/20230108/silikon-meda-sutunmuhra-jarrohihoi-nodir-tojikiston-1054046027.html
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102133/31/1021333158_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_50ae495b2d3ed249851d4b22a470389e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омор, ҷарроҳӣ, мураккаб, арзон, тоҷикистон
омор, ҷарроҳӣ, мураккаб, арзон, тоҷикистон
Дар Тоҷикистон чанд амалиёти пайвандсозии гурдаю ҷигар гузаронда шуд?
Мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон азм доранд, ки шароити гузарондани ҷароҳиҳои мураккабро дар дохили ҷумҳурӣ фароҳам созанд
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дар давоми семоҳаи аввали соли равон барои беш аз 60 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияташ дар 3 моҳи аввали соли равон баён дошт.
Ин ниҳод таъкид намуд, ки азм доранд, барои дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб шароит фароҳам оранд.
Тавзеҳ дода шуд, ки бархе аз ҷароҳиҳо, ки қаблан бо арзиши гарон дар хориҷи кишвар анҷом дода мешуд, феълан бо хароҷоти нисбатан кам дар дохили ҷумҳурӣ анҷом дода мешаванд.
Зикр гардид, ки дар 3 моҳи соли 2023 ба 61 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд. Аз ин шумора 57 нафар дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ҷарроҳӣ карда шудаанд.
"Аз ҷумла барои 42 нафар амалиёти пайвандсоозии гурда ва 15 нафар пайвандсозии ҷигар гузаронда шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати тандурустии Тоыикистон таъкид намуд, ки барои 4 нафари дигар амалиёти пайвандсозии гурда дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара гузаронда шуд.
Масъулини тандурустии Тоҷикистон қаблан изҳор дошта буданд, ки ба далели сифати хубу нархи нисбатан арзони ҷарроҳиҳои мураккаби пайвандсозии узву бофтаҳо, бархе аз шаҳрвандони хориҷӣ низ ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ муроҷиат мекунанд.