https://sputnik.tj/20230108/silikon-meda-sutunmuhra-jarrohihoi-nodir-tojikiston-1054046027.html
Аз силикон дар меъда то сутунмуҳра: Ҷарроҳиҳои нодир дар Тоҷикистон
Аз силикон дар меъда то сутунмуҳра: Ҷарроҳиҳои нодир дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Табибони тоҷик дар давоми як соли охир ба амалӣ кардани ҷарроҳиҳое оғоз кардаанд, ки қаблан дар қаламрави Тоҷикистон гузаронда нашудаанд
2023-01-08T10:30+0500
2023-01-08T10:30+0500
2023-01-08T10:34+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ҷарроҳӣ
табиб
амалиёт
аввал
нахустин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/19/1043077154_0:0:2921:1643_1920x0_80_0_0_ad82b4a66ef44b49737c258f5e77952d.jpg
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҷарроҳиҳои нодиреро номбар кард, ки барои бори аввал дар ҷумҳурӣ гузаронда шудаанд. Ба иттилои ин ниҳод, давоми як соли гузашта барои бори аввал аз ҷониби табибони тоҷик ҷарроҳиҳои нодир, аз қабили стентгузаронӣ ҳангоми омоси даврашакл ва экзофитии қисми кардиоэзофагеалии сурхрӯда гузаронда шуд. Хитинэктомияи эндоскопӣ аз маҷрои умумии талхагузар ба воситаи дуоденоскоп, бурида гирифтани омоси трахея тавассути бронхоскоп, гузоштани баллони силиконӣ дар меъда дар мавриди тағйироти метаболикӣ ҳангоми бемории фарбеҳӣ аз амалиёти дигари табибон дар сол арзёбӣ шуданд. Инчунин декомпрессия ва рафъи ногузариши рӯдаи ғафс бо колоноскоп ҳангоми тобхӯрии шадиди рӯдаи сигмашакл амалӣ гардидаст. Вазорат зикр намудаст, ки дар соҳаи ҷарроҳии қафаси сина бори аввал ҷарроҳии кифосколиозҳои қисмати қафасисинагии сутунмӯҳра, дараҷаи вазнин, усули дискотомияи фонашакли коррексионӣ, бо фиксатсияи транспедикулярии трансторакалӣ гузаронда шуд. Амалиёти симултантӣ, торакоскопия, эхинококэктомияи шуши рост ва лапароскопия, эхинококэктомияи ҷигар, стентгузории трахея чун марҳилаи аввали табобати беморони гирифтори носури сурхрӯдаву бронхиалӣ аз иқдоми дигари нави табибони тоҷик муаррифӣ шуданд. Реканализатсия, бужгузаронӣ ва стентгузории қисмати тангшудаи гранулятсионии трахея, рафъи эндоскопии омоси ковокии бронх, рафъи омоси миёнадевори болоӣ бо резексия ва протезкунонии вариди болоии холӣ низ бори аввал дар Тоҷикистон гузаронида шуданд.Вазорати тандурустӣ мегӯяд, бо ворид намудани технологияи ҷадид ва такмили малакаи табибони тоҷик хадамотеро дар ҷумҳурӣ ироа мекунанд, ки қаблан танҳо дар хориҷ амалӣ мегардиданд.
https://sputnik.tj/20221230/nakhustin-jarrohii-dugonikhoi-siami-tojikiston-1053919117.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/19/1043077154_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1ac43d5fa71cc8110edc1c28935a75d9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нахустин, ҷарроҳӣ, нодир, тоҷикистон
нахустин, ҷарроҳӣ, нодир, тоҷикистон
Аз силикон дар меъда то сутунмуҳра: Ҷарроҳиҳои нодир дар Тоҷикистон
10:30 08.01.2023 (Навсозишуда: 10:34 08.01.2023) Табибони тоҷик дар давоми як соли охир ба амалӣ кардани ҷарроҳиҳое оғоз кардаанд, ки қаблан дар қаламрави Тоҷикистон гузаронда нашудаанд
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҷарроҳиҳои нодиреро номбар кард, ки барои бори аввал дар ҷумҳурӣ гузаронда шудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, давоми як соли гузашта барои бори аввал аз ҷониби табибони тоҷик ҷарроҳиҳои нодир, аз қабили стентгузаронӣ ҳангоми омоси даврашакл ва экзофитии қисми кардиоэзофагеалии сурхрӯда гузаронда шуд.
Хитинэктомияи эндоскопӣ аз маҷрои умумии талхагузар ба воситаи дуоденоскоп, бурида гирифтани омоси трахея тавассути бронхоскоп, гузоштани баллони силиконӣ дар меъда дар мавриди тағйироти метаболикӣ ҳангоми бемории фарбеҳӣ аз амалиёти дигари табибон дар сол арзёбӣ шуданд.
Инчунин декомпрессия ва рафъи ногузариши рӯдаи ғафс бо колоноскоп ҳангоми тобхӯрии шадиди рӯдаи сигмашакл амалӣ гардидаст.
Вазорат зикр намудаст, ки дар соҳаи ҷарроҳии қафаси сина бори аввал ҷарроҳии кифосколиозҳои қисмати қафасисинагии сутунмӯҳра, дараҷаи вазнин, усули дискотомияи фонашакли коррексионӣ, бо фиксатсияи транспедикулярии трансторакалӣ гузаронда шуд.
Амалиёти симултантӣ, торакоскопия, эхинококэктомияи шуши рост ва лапароскопия, эхинококэктомияи ҷигар, стентгузории трахея чун марҳилаи аввали табобати беморони гирифтори носури сурхрӯдаву бронхиалӣ аз иқдоми дигари нави табибони тоҷик муаррифӣ шуданд.
Реканализатсия, бужгузаронӣ ва стентгузории қисмати тангшудаи гранулятсионии трахея, рафъи эндоскопии омоси ковокии бронх, рафъи омоси миёнадевори болоӣ бо резексия ва протезкунонии вариди болоии холӣ низ бори аввал дар Тоҷикистон гузаронида шуданд.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, бо ворид намудани технологияи ҷадид ва такмили малакаи табибони тоҷик хадамотеро дар ҷумҳурӣ ироа мекунанд, ки қаблан танҳо дар хориҷ амалӣ мегардиданд.