https://sputnik.tj/20230416/dargiri-sudon-davat-shuro-amniyat-smm-1056484880.html
Шиддати даргирӣ дар Судон ва даъвати Шӯрои амнияти СММ
Шиддати даргирӣ дар Судон ва даъвати Шӯрои амнияти СММ
Sputnik Тоҷикистон
Задухӯрд байни нерӯҳои вокуниши сареъ ва артиш дар пойтахти Судон шаҳри Хартум сар зада гуфта мешавад, ки ба манотиқи дигар доман густурдаст
2023-04-16T12:00+0500
2023-04-16T12:00+0500
2023-04-16T12:00+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
судон
ҷанг
смм
шӯрои амнияти смм
даъват
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101420/05/1014200512_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_e920aaaf87fbc87d333ded760902b349.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Шӯрои Амнияти СММ аз ҷонибҳо дар Судон даъват кард, ки амалиёти ҷангиро фавран бас кунанд ва ба муколама баргарданд."Аъзои Шӯрои амният аз даргириҳои низомӣ миёни нерӯҳои мусаллаҳи Судон ва Нерӯҳои вокуниши сареъ изҳори нигаронии амиқи худро баён карда, аз кушта ва захмӣ шудани мардум, аз ҷумла дар миёни мардуми осоишта изҳори таассуф мекунанд", - омадааст дар хабари Шӯро. Аъзои Шӯрои амнияти СММ аз ҷонибҳо ба қатъи фаврии ҷанг, барқарории оромӣ даъват карданд ва хостори бозгашт ба муколама барои ҳалли бӯҳрони кунунӣ дар Судон шуданд. Маврид ба зикр аст, ки 15 апрел аз оғози даргирӣ миёни нерӯҳои вокуниши сареъ ва артиши муқаррарӣ дар пойтахти Судон, шаҳри Хартум хабар дода шуда, баъдтар задухӯрдҳои байни нерӯҳои низомӣ ба дигар минтақаҳо паҳн шуданд. Нерӯҳои вокуниши сареъи Судон артиши ин кишварро дар он айбдор кард, ки ба пойгоҳашон дар пойтахт бо "бо истифода аз тамоми навъҳои яроқ" ҳуҷум кардаанд. Артиши Судон гуфт, ки изҳороти нерӯҳои вокуниши сареҳ дуруст нест ва ҳама иншооти стратегӣ, аз ҷумла қасри президент, таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳ қарор доранд. Артиш таъкид намудаст, ки ҳамларо нахуст нерӯҳои вокуниши сареҳ оғоз намудаанд. Нерӯҳои вокуниши сареҳ, як қувваи шӯришӣ номид шуда, , роҳбари Шӯрои муваққати марҳилаи гузариши Судон, Абдуфатоҳ Бурҳон қарори барҳамдиҳии ин нерӯҳоро содир намудаст.
https://sputnik.tj/20230411/silohhoi-ukraina-doda-avruprv-afriqo-paydo-1056372339.html
судон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101420/05/1014200512_194:0:1407:910_1920x0_80_0_0_6082dbfdb531ece67194025dbd9f3d03.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм, шӯрои амният, хостор, қатъ, даргирӣ
смм, шӯрои амният, хостор, қатъ, даргирӣ
Шиддати даргирӣ дар Судон ва даъвати Шӯрои амнияти СММ
Задухӯрд байни нерӯҳои вокуниши сареъ ва артиш дар пойтахти Судон шаҳри Хартум сар зада гуфта мешавад, ки ба манотиқи дигар доман густурдаст
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Шӯрои Амнияти СММ аз ҷонибҳо дар Судон даъват кард, ки амалиёти ҷангиро фавран бас кунанд ва ба муколама баргарданд.
"Аъзои Шӯрои амният аз даргириҳои низомӣ миёни нерӯҳои мусаллаҳи Судон ва Нерӯҳои вокуниши сареъ изҳори нигаронии амиқи худро баён карда, аз кушта ва захмӣ шудани мардум, аз ҷумла дар миёни мардуми осоишта изҳори таассуф мекунанд", - омадааст дар хабари Шӯро.
Аъзои Шӯрои амнияти СММ аз ҷонибҳо ба қатъи фаврии ҷанг, барқарории оромӣ даъват карданд ва хостори бозгашт ба муколама барои ҳалли бӯҳрони кунунӣ дар Судон шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки 15 апрел аз оғози даргирӣ миёни нерӯҳои вокуниши сареъ ва артиши муқаррарӣ дар пойтахти Судон, шаҳри Хартум хабар дода шуда, баъдтар задухӯрдҳои байни нерӯҳои низомӣ ба дигар минтақаҳо паҳн шуданд.
Нерӯҳои вокуниши сареъи Судон артиши ин кишварро дар он айбдор кард, ки ба пойгоҳашон дар пойтахт бо "бо истифода аз тамоми навъҳои яроқ" ҳуҷум кардаанд.
Артиши Судон гуфт, ки изҳороти нерӯҳои вокуниши сареҳ дуруст нест ва ҳама иншооти стратегӣ, аз ҷумла қасри президент, таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳ қарор доранд. Артиш таъкид намудаст, ки ҳамларо нахуст нерӯҳои вокуниши сареҳ оғоз намудаанд.
Нерӯҳои вокуниши сареҳ, як қувваи шӯришӣ номид шуда, , роҳбари Шӯрои муваққати марҳилаи гузариши Судон, Абдуфатоҳ Бурҳон қарори барҳамдиҳии ин нерӯҳоро содир намудаст.