https://sputnik.tj/20230415/shirinii-sharqi-nishollo-ramazon-tojikiston-video-1056477800.html
Ширинии шарқӣ: Нишолло аз ғизоҳои маъмули моҳи Рамазон дар Тоҷикистон - видео
Ширинии шарқӣ: Нишолло аз ғизоҳои маъмули моҳи Рамазон дар Тоҷикистон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Нишолло ба мисли яхмос сафеду ширин аст, вале сард нест. Сабукҳазм буда табибон хусусияти шифобахшии онро таъкид кардаанд.
2023-04-15T17:50+0500
2023-04-15T17:50+0500
2023-04-15T20:31+0500
видео
рамазон
хуҷанд
хӯрок
суғд
ифтор
ширинӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0f/1056477554_0:0:2561:1441_1920x0_80_0_0_1cf0404b7e7176a417a890beca97de28.jpg
Сурфаи аксар хонаводаҳои тоҷикро дар моҳи шарифи Рамазон умдатан бо нишолло - ғизои ширин зеб медиҳад.Истеъмоли он бахусус дар моҳи шарифи Рамазон барои рӯзадорон, ки аз субҳ то шом меъдаи худро тоза нигоҳ медоранд, муфид гуфта мешавад.Ин навъи ғизо умдатан аз сӯи хонаводаҳои ҳунарманд дар Тоҷикистон омода карда мешавад ва он аз асрҳои пеш то ба ин замон расидааст.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба суҳбати нишоллопазони Хуҷанд рафт ва дар бораи тарзи омода кардани ин ғизо пурсон шуд.Ҳусейнбой Мирраҳимов аз нишоллопазҳои Хуҷанд аст, ки мегуяд, ин ҳунарро чиҳил соли пеш аз падараш омӯхтааст. Падари ӯ, усто Муъминҷони хуҷандӣ дар моҳҳои Рамазон ва туйю маъракаҳои мардум дар омода кардани нишолло хизмат мерасонид.Намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим дар Теҳрон - аксҲусейнбой зимни суҳбат шарҳ дод, ки нишолло аз кадом маҳсулот ва чигуна таҳия карда мешавад.Ӯ, мегуяд то замоне, ки ин ҳама маҳсулот ба нишолло – ғизои ширин табдил ёбанд, бояд ин ҳамаро даруни зарф (дег) ҷӯшониду то поён шудани ҳарорати он, кафк (омехта) и беху қиёмро бо чилчуб – асбобе, ки аз якчанд навдаи дарахтони сахт сохта шудааст, чанд соат шатта зад.Иди Рамазон дар Тоҷикистон кай таҷлил мешавад?: Посухи Кумитаи динҲусейнбой шукр мекунад, ки ҳоло фарзандонаш низ ин ҳунари аждодиро аз бар намуда ва аз ин ҳисоб рӯзии ҳалол ба даст меоваранд.Снавбар Дониёршейхова, сокини Хуҷанд мегуяд, нишолло бо он, ки таоми ширин аст, як ғизои муфид ва манфиатовар ҳам будааст.Тавре мушоҳида мешавад аксар хонаводаҳои Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон дар қатори дигар анвоъи ғизоӣ хони худро бештар бо нишолло зеб медиҳанд. Растаи нишоллофурӯшии бозорҳои Тоҷикистон ҳам ин шабу рӯз хеле серодам аст.Аксари фурӯшандаҳои ин таъом мегуянд, онҳо нишоллопазиро аз бобокалону аждодони гузаштаашон омӯхтаанд ва инчунин анъанаи нек то имрӯз ҳифзу пойбарҷост.
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0f/1056477554_7:0:1928:1441_1920x0_80_0_0_16ea4e278ad1c14879cb452d68e65e87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ширинӣ, нишолло, хуҷанд, рамазон, хусусият, шифобахш, табибон
тоҷикистон, ширинӣ, нишолло, хуҷанд, рамазон, хусусият, шифобахш, табибон
Ширинии шарқӣ: Нишолло аз ғизоҳои маъмули моҳи Рамазон дар Тоҷикистон - видео
17:50 15.04.2023 (Навсозишуда: 20:31 15.04.2023) Эксклюзив
Нишолло ба мисли яхмос сафеду ширин аст, вале сард нест. Сабукҳазм буда табибон хусусияти шифобахшии онро таъкид кардаанд.
Сурфаи аксар хонаводаҳои тоҷикро дар моҳи шарифи Рамазон умдатан бо нишолло - ғизои ширин зеб медиҳад.
Истеъмоли он бахусус дар моҳи шарифи Рамазон барои рӯзадорон, ки аз субҳ то шом меъдаи худро тоза нигоҳ медоранд, муфид гуфта мешавад.
Ин навъи ғизо умдатан аз сӯи хонаводаҳои ҳунарманд дар Тоҷикистон омода карда мешавад ва он аз асрҳои пеш то ба ин замон расидааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба суҳбати нишоллопазони Хуҷанд рафт ва дар бораи тарзи омода кардани ин ғизо пурсон шуд.
Ҳусейнбой Мирраҳимов аз нишоллопазҳои Хуҷанд аст, ки мегуяд, ин ҳунарро чиҳил соли пеш аз падараш омӯхтааст. Падари ӯ, усто Муъминҷони хуҷандӣ дар моҳҳои Рамазон ва туйю маъракаҳои мардум дар омода кардани нишолло хизмат мерасонид.
Ҳусейнбой зимни суҳбат шарҳ дод, ки нишолло аз кадом маҳсулот ва чигуна таҳия карда мешавад.
“Чизи асосӣ барои нишолло бех (реша) и дарахоне аст, ки умдатан дар шароити доманакӯҳҳо мерӯянд. Баъдан обу шакари қиёмшуда, ҷавҳари лиму ва сефедии тухм аст” - гуфт, нишоллопаз.
Ӯ, мегуяд то замоне, ки ин ҳама маҳсулот ба нишолло – ғизои ширин табдил ёбанд, бояд ин ҳамаро даруни зарф (дег) ҷӯшониду то поён шудани ҳарорати он, кафк (омехта) и беху қиёмро бо чилчуб – асбобе, ки аз якчанд навдаи дарахтони сахт сохта шудааст, чанд соат шатта зад.
Ҳусейнбой шукр мекунад, ки ҳоло фарзандонаш низ ин ҳунари аждодиро аз бар намуда ва аз ин ҳисоб рӯзии ҳалол ба даст меоваранд.
Снавбар Дониёршейхова, сокини Хуҷанд мегуяд, нишолло бо он, ки таоми ширин аст, як ғизои муфид ва манфиатовар ҳам будааст.
“Ишқори он, ки аз решаи дарахт, яъне маводи табиӣ ҳосил шудаасту хусусияти тоза кунии рудаву меъдаро дорад. Табибони зиёд барои бемориҳои дарди гулӯ истеъмоли нишоллоро тавсия медиҳанд”, - афзуд, мусоҳиб.
Тавре мушоҳида мешавад аксар хонаводаҳои Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон дар қатори дигар анвоъи ғизоӣ хони худро бештар бо нишолло зеб медиҳанд. Растаи нишоллофурӯшии бозорҳои Тоҷикистон ҳам ин шабу рӯз хеле серодам аст.
Аксари фурӯшандаҳои ин таъом мегуянд, онҳо нишоллопазиро аз бобокалону аждодони гузаштаашон омӯхтаанд ва инчунин анъанаи нек то имрӯз ҳифзу пойбарҷост.