https://sputnik.tj/20230415/barrasii-masoili-muqovimat-bo-ekstremizm-terrorizm-va-korrupsiya-dar-khujand-1056474644.html
Баррасии масоили муқовимат бо экстремизм, терроризм ва коррупсия дар Хуҷанд
Баррасии масоили муқовимат бо экстремизм, терроризм ва коррупсия дар Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақмоти шаҳри Хуҷанд бо сокинон масъалаи пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа ва гирифтани пораро баррасӣ намуданд
2023-04-15T15:40+0500
2023-04-15T15:40+0500
2023-04-15T15:40+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
терроризм
экстремизм
коррупсия
суғд
баррасӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170021_0:76:1455:894_1920x0_80_0_0_de5ab8ba9f69b5721424cb94372ebe67.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Мақомоти шаҳри дар Донишкадаи иқтисоди ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сокиону омӯзгорон мулоқот баргузор кард.Намояндаи Мақомоти шаҳри Хуҷанд Ҳотам Маҳмудов дар зикр дошт, ки мулоқоти мазкур барои татбиқи нишондодҳои Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории он пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, гирифтани пора, қабули қарори хусусияти коррупсионидошта мебошад.Ба гуфтаи вай, коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.“Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва ҳукумати Тоҷикистон буда, татбиқи он раъйи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд”, - гуфт Ҳотам Маҳмудов.Вай таъкид кард, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷидди рушди суботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрўйи Давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозигии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад.Ҳамзамон дар ин ҷаласа роҷеъ ба стратегияи муқовимат ба экстермизм ва терроризм дар Тоҷикистон низ изҳори назар карда шуд.Ба гуфтаи масъулин ҳадафи мубориза бо экстремизм ва террорим дар Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии Давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20221205/muboriza-korrupsiya-behtar-meshavad-1053283573.html
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170021_81:0:1374:970_1920x0_80_0_0_f899ea71cfe48aae40be48b43756b042.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, баррасӣ, коррупсия, экстремиз, терроризм, хуҷанд, суғд
тоҷикистон, хуҷанд, баррасӣ, коррупсия, экстремиз, терроризм, хуҷанд, суғд
Баррасии масоили муқовимат бо экстремизм, терроризм ва коррупсия дар Хуҷанд
Мақмоти шаҳри Хуҷанд бо сокинон масъалаи пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа ва гирифтани пораро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Мақомоти шаҳри дар Донишкадаи иқтисоди ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сокиону омӯзгорон мулоқот баргузор кард.
Намояндаи Мақомоти шаҳри Хуҷанд Ҳотам Маҳмудов дар зикр дошт, ки мулоқоти мазкур барои татбиқи нишондодҳои Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории он пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, гирифтани пора, қабули қарори хусусияти коррупсионидошта мебошад.
Ба гуфтаи вай, коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.
“Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва ҳукумати Тоҷикистон буда, татбиқи он раъйи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд”, - гуфт Ҳотам Маҳмудов.
Вай таъкид кард, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷидди рушди суботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрўйи Давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозигии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад.
Ҳамзамон дар ин ҷаласа роҷеъ ба стратегияи муқовимат ба экстермизм ва терроризм дар Тоҷикистон низ изҳори назар карда шуд.
Ба гуфтаи масъулин ҳадафи мубориза бо экстремизм ва террорим дар Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии Давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.