Мубориза бо коррупсия беҳтар мегардад?

© Фото : Агенство по контролю и борьбе с коррупцией РТВзятка медику, архивное фото
Взятка медику, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Обуна шудан
Ахиран дар пойтахти Тоҷикистон Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсия ифтитоҳ ёфтааст
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон утоқи кории Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсия ифтитоҳ ёфт.
Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсия бо технологияи муосир, аз ҷумла смарт-доска, компютер ва дигар лавозимоти техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Зимни ифтитоҳи маркази мазкур Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз намуд, ки “муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати давлатӣ маҳсуб шуда, таҳия ва татбиқи он аз иродаи олии давлату Ҳукумати кишвар оғоз мегардад.
Имзои созишнома миёни Тоҷикистон Ӯзбекистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2022
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия якҷо мубориза мебаранд
Тибқи банди 20-и Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда бо коррупсияи Академияи идоракунии давлатӣ барои фароҳам овардани шароит барои ба такмили ихтисос фаро гирифтани шахсони муттасадии ба таъмини иҷрои стратегияи мазкур масъул мебошад.
Ҳамчунин дар доираи ифтитоҳи Марказ ҷаласаи Шӯрои машваратӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ доир гардид.
Лентаи хабарҳо
0