Вазири дифои нави Чин ба Русия меояд

© AP / Mark SchiefelbeinМинистр обороны Китая Ли Шанфу, архивное фото
Министр обороны Китая Ли Шанфу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2023
Обуна шудан
Мақомоти мудофиаи Чин сатҳи ҳамкорию ҳамоҳангӣ миёни ниҳодҳои низомии ду кишварро баланд арзёбӣ карда, тамосҳои сатҳи баландро муҳим хонданд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Вазири дифои Чин, Ли Шанфу рӯзи 16 апрел вориди Маскав мешавад, иттилоъ дод сухангӯи вазорати дифои ҷумҳурии мардумӣ, Тан Кефей дар шабакаи WeChat.
Ӯ таъкид намудааст, ки дар солҳои охир таҳти роҳбарии стратегии сарварони ду кишвар равобити нерӯҳои мусаллаҳи Чин ва Русия сатҳи баландро касб кардааст.
"Дар иртибототи стратегӣ, машқҳои муштарак ва ҳамкориҳои амалӣ пешравиҳои нав ба даст оварда шуданд", - гуфт сухангӯи Вазорати дифои Чин.
Таъкид шудааст, ки ин сафар бо даъвати вазири дифои Русия Сергей Шойгу сурат гирифта, аз 16 то 19 апрел идома хоҳад кард.
Ли Шанфу бо раҳбарияти артиши Русия гуфтугӯ мекунаду аз муассисаҳои таълимии низомӣ дидан мекунад.
Генерал Ли Шанфу дар натиҷаи иҷлосияи порлумони Чин дар моҳи марти соли ҷорӣ ба мақоми вазири дифоъ таъйин гардид.
Китайский флаг на одной из улиц Пекина.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Чин дар масъалаи Украина ба Ғарб посухи тунд дод
Қаблан ӯ ба ҳайси директори космодроми Сичан, муовини фармондеҳи нерӯҳои таъминоти стратегӣ, солҳои 2017-2022 роҳбари бахши омӯзиш ва таъминоти Шӯрои марказии низомии Чинро ба ӯҳда дошт.
Соли 2018 Вазорати молияи ИМА алайҳи ин департамент ва шахсан Ли Шанфу барои ҳамкориҳои низомӣ бо Русия таҳримҳо ҷорӣ кард. Гуфта мешавад, ки маҳдудиятҳо пас аз созишномаи хариди ҳавопаймоҳои Русия ва системаҳои мушакии С-400 ҷорӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0