https://sputnik.tj/20230407/chin-masala-ukraina-gharb-posukh-tund-1056277412.html
Чин дар масъалаи Украина ба Ғарб посухи тунд дод
Чин дар масъалаи Украина ба Ғарб посухи тунд дод
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Чин дар Федератсияи Русия аз Ғарб даъват кард, то аз нишон додани чигунагии иқдомоти Пекин дар бораи вазъияти Украина даст кашад
2023-04-07T11:25+0500
2023-04-07T11:25+0500
2023-04-07T11:25+0500
дар ҷаҳон
чин
ғарб
украина
посух
посухи тунд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/07/1056274862_0:327:3040:2037_1920x0_80_0_0_f38f09be427488f033a7fa1b4bdde20f.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ дар он сатҳе нестанд, ки ба Пекин бигӯянд, дар масъалаи Украина чӣ гуна рафтор кунанд. Ин изҳоротро сафири Чин дар Русия Чжан Ханҳуй дар мусоҳиба бо "Известия" баён дошт.Ба фикри у, Пекин аз аввали cap шудани низоъ барои бо роҳи осоишта ҳал кардани ин муносибат ташаббус нишон дода, ба ҳар ду тараф яроқ намедиҳад. "Буҳрони Украинаро ҷониби Чин эҷод накардааст" — қайд кард ӯ ва афзуд, ки онҳо дар ин бобат манфиати шахсӣ надоранд.Сафир таъкид кард, ки ҶМЧ "ба оташ равған намеандозад, барои манфиати худ аз фурсат истифода намебарад". Вай ёдовар шуд, ки кишвараш пайваста “чаҳор мавриди зарурӣ”, “чаҳор иттиҳод” ва “се мавзӯъ барои мулоҳиза” ва ҳамчунин санади “Мавқеъи Чин дар роҳи ҳалли сиёсии буҳрони Украина”-ро ба миён гузоштааст, ки ҳалли он тавассути муколамаро пешбинӣ мекунад . "Мо минбаъд низ дар канори сулҳ, муколама ва адолати таърихӣ хоҳем буд", - хулоса кард дипломат. Илова бар ин, Чжан Ханҳуй афзуд, мавзеъгирии Русия дар қиболи Тайван аз он шаҳодат медиҳад, ки Маскав аз қудратҳои бузурге, ки "ба сиёсати нерӯи бераҳмона рӯ меоранд" ҳарос надорад. Қаблан, Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, дар мулоқоти дуҷониба бо раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон гуфта буд, ки барои ҳалли буҳрони Украина "давои мӯъҷизавӣ" вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо бояд барои хатми низоъ ва оғози музокироти сулҳ шароит фароҳам оваранд.
https://sputnik.tj/20230326/putin-rusiya-bo-chin-ittihodi-nizomi-namesozad---video-1055765291.html
чин
ғарб
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/07/1056274862_324:0:3040:2037_1920x0_80_0_0_9c383e621b4d4596785df20a4d5044f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин масъала украина ғарб посух тунд
чин масъала украина ғарб посух тунд
Чин дар масъалаи Украина ба Ғарб посухи тунд дод
Сафири Чин дар Федератсияи Русия аз Ғарб даъват кард, то аз нишон додани чигунагии иқдомоти Пекин дар бораи вазъияти Украина даст кашад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ дар он сатҳе нестанд, ки ба Пекин бигӯянд, дар масъалаи Украина чӣ гуна рафтор кунанд.
Ин изҳоротро сафири Чин дар Русия Чжан Ханҳуй дар мусоҳиба бо "Известия" баён дошт.
"Ғарб дар мавқеъи додани дастур ба Чин нест ва ҳатто бештар аз он салоҳияти ба гардани ӯ бор кардани масъулиятро надорад",- гуфт ӯ.
Ба фикри у, Пекин аз аввали cap шудани низоъ барои бо роҳи осоишта ҳал кардани ин муносибат ташаббус нишон дода, ба ҳар ду тараф яроқ намедиҳад.
"Буҳрони Украинаро ҷониби Чин эҷод накардааст" — қайд кард ӯ ва афзуд, ки онҳо дар ин бобат манфиати шахсӣ надоранд.
Сафир таъкид кард, ки ҶМЧ "ба оташ равған намеандозад, барои манфиати худ аз фурсат истифода намебарад".
Вай ёдовар шуд, ки кишвараш пайваста “чаҳор мавриди зарурӣ”, “чаҳор иттиҳод” ва “се мавзӯъ барои мулоҳиза” ва ҳамчунин санади “Мавқеъи Чин дар роҳи ҳалли сиёсии буҳрони Украина”-ро ба миён гузоштааст, ки ҳалли он тавассути муколамаро пешбинӣ мекунад .
"Мо минбаъд низ дар канори сулҳ, муколама ва адолати таърихӣ хоҳем буд", - хулоса кард дипломат.
Илова бар ин, Чжан Ханҳуй афзуд, мавзеъгирии Русия дар қиболи Тайван аз он шаҳодат медиҳад, ки Маскав аз қудратҳои бузурге, ки "ба сиёсати нерӯи бераҳмона рӯ меоранд" ҳарос надорад.
Қаблан, Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, дар мулоқоти дуҷониба бо раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон гуфта буд, ки барои ҳалли буҳрони Украина "давои мӯъҷизавӣ" вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо бояд барои хатми низоъ ва оғози музокироти сулҳ шароит фароҳам оваранд.