Пас аз уфт, рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2023
Обуна шудан
Қурби рубли русӣ, пас аз коҳиши чандинрӯза билохира ҳафтаро бо болоравӣ ҷамбаст кард. Вазъи евро беҳтару доллар бошад коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 133,5 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 132,5 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори русӣ коҳишёбии беистро аз 6 апрез оғоз карда, то як рӯзи қабл ба поинтарин нишондиҳандаҳояш дар соли ҷорӣ расида буд.
Пули аврупоӣ бошад, тадриҷан рӯ ба афзоиш дорад. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 12.0583 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз қабл қурби евро 11.9715 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Илон Маск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2023
Маск: доллар аз сабаби сиёсати ИМА мавқеи худро аз даст медиҳад
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ дар баробари сомонӣ каме поин омадааст, аммо на чашмгир. Агар рӯзи қаблӣ бар ивази ҳар доллар 10.9139 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9135 сомонӣ медиҳанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9135 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 12.0583 то 12.2000 сомонӣ ва 100 рубли русӣ аз 133,5 то 136,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0