https://sputnik.tj/20230413/muhriddin-konfrons-afghoniston-samarqand-1056425098.html
Сироҷиддин Муҳриддин барои як конфронс дар мавриди Афғонистон вориди Самарқанд шуд
Сироҷиддин Муҳриддин барои як конфронс дар мавриди Афғонистон вориди Самарқанд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадафи аслии мулоқот ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавӣ барои расонидани кумак ба Афғонистон дар масъалаҳои башардӯстона ва иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад
2023-04-13T12:53+0500
2023-04-13T12:53+0500
2023-04-13T13:58+0500
дар тоҷикистон
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0e/1051388393_0:40:3073:1768_1920x0_80_0_0_d2e712f3904ffc11fdf6e6ab5669d134.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин барои ширкат дар конфронси кишварҳои ҳамсояи Афғонистон вориди Самарқанд шуд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд. Ҳадафи аслии ин нишаст ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавӣ барои ироаи кумак ба Афғонистон дар масоили башардӯстона ва иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад. Музокирот дар остонаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар Самарқанд конфронси вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо ширкати вазирони хориҷаи Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҷараён дорад. Ҷонибҳо иқдомоти минбаъдаи мусоидат ба ҳалли сиёсии Афғонистон, ба эътидол овардани вазъи башардӯстона ва масоили иҷтимоиву иқтисодии ин кишвар, инчунин рушди ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нақлиётию энергетикиро бо иштироки Кобул баррасӣ мекунанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бошяд, як рӯз пеш вориди Самарқанд шуд. Ба ҷуз ширкат дар конфронси Афғонистон, рӯзи ҷумъа вазир дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ИДМ ва нишасти вазирон дар формати Федератсияи Русия - Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20230412/davati-chin-kumak-afghoniston-bozsozi-rushd-1056413542.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0e/1051388393_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_a112f8b3f7fbab6caad440e5c07ec427.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳриддин конфронси афғонистон самарқанд
муҳриддин конфронси афғонистон самарқанд
Сироҷиддин Муҳриддин барои як конфронс дар мавриди Афғонистон вориди Самарқанд шуд
12:53 13.04.2023 (Навсозишуда: 13:58 13.04.2023) Эксклюзив
Ҳадафи аслии мулоқот ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавӣ барои расонидани кумак ба Афғонистон дар масъалаҳои башардӯстона ва иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин барои ширкат дар конфронси кишварҳои ҳамсояи Афғонистон вориди Самарқанд шуд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳадафи аслии ин нишаст ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавӣ барои ироаи кумак ба Афғонистон дар масоили башардӯстона ва иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.
Музокирот дар остонаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Самарқанд конфронси вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо ширкати вазирони хориҷаи Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҷараён дорад.
Ҷонибҳо иқдомоти минбаъдаи мусоидат ба ҳалли сиёсии Афғонистон, ба эътидол овардани вазъи башардӯстона ва масоили иҷтимоиву иқтисодии ин кишвар, инчунин рушди ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нақлиётию энергетикиро бо иштироки Кобул баррасӣ мекунанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бошяд, як рӯз пеш вориди Самарқанд шуд. Ба ҷуз ширкат дар конфронси Афғонистон, рӯзи ҷумъа вазир дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ИДМ ва нишасти вазирон дар формати Федератсияи Русия - Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард.