https://sputnik.tj/20230414/hushdor-havoshinoson-ruz-nomusoid-tojikiston-1056454427.html
Ҳушдори ҳавошиносон аз 3 рӯзи номусоид дар Тоҷикистон
Ҳушдори ҳавошиносон аз 3 рӯзи номусоид дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Эҳтимоли селфароӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баланд арзёбӣ мегардад
2023-04-14T16:00+0500
2023-04-14T16:00+0500
2023-04-14T16:00+0500
дар тоҷикистон
ҳаво
номусоид
борон
сел
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/19/1043075004_0:41:3071:1768_1920x0_80_0_0_f82f0f7a8dfeebcecc47496df79cbe00.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар давоми 3 рӯзи оянда дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон боришоти шадид ва фаромадани сел пешгӯӣ мешавад. Ба иттилои Агентиии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 15-17 апрели соли ҷорӣ бо сабабаи ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳои ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор сатҳи об баланд мешавад. Таъкид шудааст, ки дар минтақаҳои алоҳидаи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад. Агентии ҳавошиносӣ тавзеҳ дод, ки 15 апрел дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон эҳтимоли ифлосшавии ҳаво ҷой дорад. Аз ҷумла дар навоҳии Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Фархор, Румӣ, Вахш ва шаҳри Бохтар бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ, яъне чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мегардад. Маврид ба зикр аст, ки аввали моҳи равон низ дар бархе аз навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон офатҳои табиӣ аз қабили борони шадиду сел сар заданд, ки дар натиҷа ба инрасохтору хоҷагии халқ зарар расонданд. Мақомоти изтирорӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар чунин рӯзҳои номусоид эҳтиёткор бошанду бидуни зарурат ба сафар набароянд.
https://sputnik.tj/20230404/peshgui-khatar-obkhezi-selo-tojikiston-1056136135.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/19/1043075004_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2195756d810bd3fde835ebd93db620d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешгӯӣ, ҳаво, тоҷикистон, номусоид, 3 рӯз
пешгӯӣ, ҳаво, тоҷикистон, номусоид, 3 рӯз
Ҳушдори ҳавошиносон аз 3 рӯзи номусоид дар Тоҷикистон
Эҳтимоли селфароӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баланд арзёбӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар давоми 3 рӯзи оянда дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон боришоти шадид ва фаромадани сел пешгӯӣ мешавад.
Ба иттилои Агентиии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 15-17 апрели соли ҷорӣ бо сабабаи ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳои ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор сатҳи об баланд мешавад.
Таъкид шудааст, ки дар минтақаҳои алоҳидаи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад.
Агентии ҳавошиносӣ тавзеҳ дод, ки 15 апрел дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон эҳтимоли ифлосшавии ҳаво ҷой дорад.
Аз ҷумла дар навоҳии Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Фархор, Румӣ, Вахш ва шаҳри Бохтар бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ, яъне чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки аввали моҳи равон низ дар бархе аз навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон офатҳои табиӣ аз қабили борони шадиду сел сар заданд, ки дар натиҷа ба инрасохтору хоҷагии халқ зарар расонданд.
Мақомоти изтирорӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар чунин рӯзҳои номусоид эҳтиёткор бошанду бидуни зарурат ба сафар набароянд.