https://sputnik.tj/20230404/peshgui-khatar-obkhezi-selo-tojikiston-1056136135.html
Пешгӯии хатари обхезӣ ва сел дар Тоҷикистон
Пешгӯии хатари обхезӣ ва сел дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ба сокинон тавсия дода мешавад, ки тайи рӯзҳои хатарнок қоидаҳои бехатариро риоя намуда, аз рафтан ба саҳрову куҳҳо худдорӣ кунанд
2023-04-04T10:15+0500
2023-04-04T10:15+0500
2023-04-04T14:42+0500
дар тоҷикистон
кҳф
борон
обхезӣ
агентии ҳавосанҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102862/48/1028624860_0:177:1920:1257_1920x0_80_0_0_55359838babd6b7d474a7a3c95293d42.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 7 апрел идома хоҳад кард, хабар медиҳад КҲФ дар такя ба Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.Ба иттилои манбаъ, хатари омадани сел дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз эҳтимол дур нест.КҲФ мегӯяд, бар асари боришоти шадид чунин ҳодисаҳои ногаҳонӣ имкони рух додан доранд:— эҳтимоли афзудани шумори садамаҳо дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо, маҳдуд шудани ҳаракати мошинҳо бар асари хатари селҳо дар роҳҳои мошингард;— дар сурати вайрон шудани системаи захбурҳо, ҷӯйҳо ва каналҳо аз серборишӣ зери об мондани эҳтимолии маҳалҳои аҳолинишин;—эҳтимоли зери об мондани қисмате аз роҳҳо, болоравии сатҳи об дар дарёчаҳо ва берун шудани он аз маҷро ва ҷорӣ гаштанаш дар роҳҳо, ки метавонад сабаби зери об шудани майдонҳои кишти сари роҳ гардад.Ин ниҳод ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, шикастани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, иншооти таблиғотиву рекломҳо шавад."Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан аз наздик шудан ба хастҳои интиқоли барқ, дарахтон, лавҳаҳои таблиғотӣ ва иншооти камэътимод худдорӣ намоед", - таъкид кардааст манбаъ.Кумита аз сокинон дархост кардааст, ки қоидаҳои бехатариро риоя намуда, дар чунин рӯзҳои сербориш аз рафтан ба саҳрову доманкӯҳҳо ба қасди ҷамъварии занбӯруғ, чорворчаронӣ, моҳидорӣ ё шикор худдорӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20230403/sharh-havosanjon-borishot-kharobiovar-sughd-1056023260.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102862/48/1028624860_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_02a6583ff0234d2db4865285812e8146.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешгӯӣ хатар обхезӣ сел тоҷикистон
пешгӯӣ хатар обхезӣ сел тоҷикистон
Пешгӯии хатари обхезӣ ва сел дар Тоҷикистон
10:15 04.04.2023 (Навсозишуда: 14:42 04.04.2023) Ба сокинон тавсия дода мешавад, ки тайи рӯзҳои хатарнок қоидаҳои бехатариро риоя намуда, аз рафтан ба саҳрову куҳҳо худдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 7 апрел идома хоҳад кард, хабар медиҳад КҲФ дар такя ба Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, хатари омадани сел дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз эҳтимол дур нест.
"Рӯзҳои 4-6-уми апрел дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, сатҳи об боло меравад", - афзудааст манбаъ
КҲФ мегӯяд, бар асари боришоти шадид чунин ҳодисаҳои ногаҳонӣ имкони рух додан доранд:
— эҳтимоли афзудани шумори садамаҳо дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо, маҳдуд шудани ҳаракати мошинҳо бар асари хатари селҳо дар роҳҳои мошингард;
— дар сурати вайрон шудани системаи захбурҳо, ҷӯйҳо ва каналҳо аз серборишӣ зери об мондани эҳтимолии маҳалҳои аҳолинишин;
—эҳтимоли зери об мондани қисмате аз роҳҳо, болоравии сатҳи об дар дарёчаҳо ва берун шудани он аз маҷро ва ҷорӣ гаштанаш дар роҳҳо, ки метавонад сабаби зери об шудани майдонҳои кишти сари роҳ гардад.
Ин ниҳод ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, шикастани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, иншооти таблиғотиву рекломҳо шавад.
"Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан аз наздик шудан ба хастҳои интиқоли барқ, дарахтон, лавҳаҳои таблиғотӣ ва иншооти камэътимод худдорӣ намоед", - таъкид кардааст манбаъ.
Кумита аз сокинон дархост кардааст, ки қоидаҳои бехатариро риоя намуда, дар чунин рӯзҳои сербориш аз рафтан ба саҳрову доманкӯҳҳо ба қасди ҷамъварии занбӯруғ, чорворчаронӣ, моҳидорӣ ё шикор худдорӣ кунанд.