Беадабиҳо дар футболи тоҷик: Киҳо чӣ ҷазо гирифтанд?

© Sputnik / Михаил МокрушинЖелтая карточка
Желтая карточка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2023
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон натиҷаи баррасии 12 ҳолати нақли Кодекси интизоми ин ниҳодро эълон карда, тафсилоти ҷазои дастандаркоронро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ бозигари дастаи "Ҳосилот" Наврӯз Рустамовро барои расонидани фишори ҷисмонӣ ба рақиб дар бозӣ бо тими "Файзканд" аз ҳаққи ширкат дар 4 бозӣ маҳрум кард.
Ба иттилои ФФТ, ҳамчунин Рустамов дар ҳаҷми 1 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардид.
Бозигари тими "Файзканд" Муҳсинҷон Абдуғаффоров барои расонидани фишори ҷисмонӣ ба ҳариф дар бозии "Ҳосилот" – "Файзканд" аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 1 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуд.
Бозигари дастаи "Ҳосилот" Далер Чолов барои расонидани фишори ҷисмонӣ ба ҳариф дар бозӣ бо "Файзканд" аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум шуда, дар ҳаҷми ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардид.
Футбольный тренер Рашид Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2023
Рашид Раҳимов пас аз танаффуси тӯлонӣ ба футбол бармегардад
Бозигари тими "Истиқлол" Седрик Гогуа барои гирифтани ду корти зард дар бозӣ бо "Файзканд" аз ҳаққи ширкат дар як бозӣ маҳрум ва 300 сомонӣ ҷарима баста шуд.
Бозигари дастаи "Куктош" Сулаймон Собиров барои маҳрум кардани ҳариф аз имкони голзанӣ ва гирифтани корти сурх аз як бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷаримабандӣ гардид.
Бозигари тими "Равшан" Абдулфаттоҳ Худойдодзода барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум шуда, 500 сомонӣ ҷарима пардохт хоҳад кард.
Инчунин тими "Равшан" барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ 1 ҳазор сомонӣ ҷарима мепардозад.
Матч между сборными Таджикистана и Пакистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими Покистон шикаст хӯрд
Бозигари тими "Равшан" Абубакр Мираҳмадов барои задани рақиб 3 бозиро берун аз майдон мегузаронад.
Бозигари тими "Хатлон" Аминҷон Баротов барои имову ишораҳои таҳқиромез нисбати мухлисон аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум шуд.
Бозигари дастаи "Куктош" Юсуф Файзиев барои задани рақиб 3 бозии тимашро берун аз майдон тамошо хоҳад кард.
Ҳамчунин бозигари тими "Файзканд" Меҳроҷиддин Абдураҳимов барои задани рақиб аз 3 бозӣ ва бозигари тими КМВА Шероз Шарифов барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ аз 3 бозӣ маҳрум шуданд.
Лентаи хабарҳо
0