Мунтахаби Тоҷикистон аз тими Покистон шикаст хӯрд

© Федерация футбола ТаджикистанаМатч между сборными Таджикистана и Пакистана по футболу
Матч между сборными Таджикистана и Пакистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Обуна шудан
Даври аввали интихобии му6нтахаби бонувони Бозиҳои олимпӣ-2024 барои тими футболи Тоҷикистон бебарор анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дастаи мунтахаби занонаи олимпии футболи Тоҷикистон дар бозии интихобии Олимпиада-2024 аз тими Покистон шикаст хӯрд.
Ба иттилои ФФТ, бозӣ, ки дар Ҳисор баргузор шуд, бо ҳисоби 0:1 ба нафъи соҳибони майдон анҷом наёфт.
Дар нимаи аввали бозӣ, бонувони футболбози Покистон тавонистанд ба дарвозаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон гол ворид кунанд.
Ҳамин тариқ, ин бохт барои мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "Е" пайиҳам 3 маротиба буд, ки ба далели он як хол ба даст овардан имкон надошт.
Футболбозони тоҷик дар нахустин бозии интихобии олимпӣ мағлуб шуданд
Аз ин гурӯҳ Филиппин бо 9 имтиёз ва 3 пирӯзӣ ба даври дуюми интихобии гурӯҳӣ идома хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки даври аввали интихобии мусобиқоти бонувонb Бозиҳои олимпӣ-2024 дар гурӯҳи “Е” дар Ҳисор баргузор мешавад.
Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Филиппин, Ҳонконг ва Покистон барои роҳхат ба даври дувуми мусобиқоти тобистонаи соли 2024, ки дар Порис баргузор мешавад, мубориза мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0