Таъсиси 52 корхона ва коргоҳи саноатӣ дар давоми се моҳ дар Хатлон

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонВвод в эксплуатацию швейного предприятия ООО "Согдийон" в г. Худжанде
Ввод в эксплуатацию швейного предприятия ООО Согдийон в г. Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2023
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон барои фаъол намудани корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои саноати ва ба ин васила таъмин намудани аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ супориш дод
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Саноатчиёни вилоят, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар се моҳи соли равон ба маблағи 2,4 милиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда аст, иттилоъ додааст мақомоти вилояти Хатлон дар як ҷаласаи ҷамбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят.
Ба иттилои манқомоти вилояти Хатлон дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 ҳаҷми истеҳсол ба маблағи 231,7 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар давоми се моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 52 корхона ва коргоҳи саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ҳамин ҳол Давлаталӣ Саид раиси вилояти Хатлон дар ин ҷаласа ба масъулини вилоят барои фаъол намудани корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои саноати ва ба ин васила таъмин намудани аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ супоришҳои қатъи дод.
Шерали Кабир, Министр промышленности и новых технологий РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2023
Шералӣ Кабир: Истеҳсоли маҳсулоти саноати ба 43 миллиард сомонӣ расид
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шерали Кабир гуфта буд, ки бори аввал соҳаи саноати кишвар истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар ҷумҳурӣ ба 43 миллиард сомонӣ расонд.
Ба гутаи вай дар ин давра рушди соҳаи саноат 120 дарсад таъмин гардидааст.
“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 43 миллиард сомониро ташкил дод, ки рушди он ба 115,4 дарсад баробар ва нисбат ба соли 2021-5,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Лентаи хабарҳо
0