Шералӣ Кабир: Истеҳсоли маҳсулоти саноати ба 43 миллиард сомонӣ расид

© Sputnik Шерали Кабир, Министр промышленности и новых технологий РТ
Шерали Кабир, Министр промышленности и новых технологий РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2023
Обуна шудан
Вазорати саноа ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд дар соли 2022 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бе назардошти соҳаи энергетика ба зиёда 120 дарсад расид
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бори аввал соҳаи саноати Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар кишвар ба 43 миллиард сомонӣ расонд, гуфт дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири саноат ва технологияҳои нав Шерали Кабир.
Ба гутаи вай дар ин давра рушди соҳаи саноат 120 дарсад таъмин гардидааст.
“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 43 миллиард сомониро ташкил дод, ки рушди он ба 115,4 дарсад баробар ва нисбат ба соли 2021-5,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Дар давраи ҳисоботӣ, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 61,4 дарсад ба саноати коркард, 20,4 дарсад ба саноати истихроҷ, 17,8 дарсад ба таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ тозакунии ҳаво, 0,4 дарсад ба соҳаи таъминоти обтозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа рост меояд.
Шералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Баҳои Раҳмон ба кори вазорати саноат ва дастур ба Шералӣ Кабир
Ҳамзамон вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки дар соли гузашта дар кишвар 505 корхонаву коргоҳи нави бунёд гардидааст.
Вай афзуд, дар соли гузашта дар ин корхонаҳои навбунёд тақрибан шаш ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0