Таъсири боронҳои бошиддат ба соҳаи кишоварзӣ: Аз намнокӣ то сармозании ҳосил
15:19 13.04.2023 (Навсозишуда: 17:01 13.04.2023)
© Sputnik / Илья Наймушин
/ Обуна шудан
Эксклюзив
Коршиносони масоили кишоварзӣ боришоти боронҳои пайдарпайи моҳи апрелиро барои ин соҳа ҳам фоидаовару ҳам зиёнрасон арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Оғози моҳи апрел дар аксар шаҳру навоҳии кишвар боришоти боронҳои бошиддат сар зад. Шиддати боришот ба дараҷае буд, ки ҳатто дар чанде аз ноҳияҳои кишоварзии Суғд аз ҷумла ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов селхезӣ рух дод ва чандин гектар заминҳои кишт ба зери лойоба монданд. Майдонҳои боғу токзорҳо ҳам аз таъсири ин ҳодисаи табиӣ истисно намондаанд.
Боронҳои пуршиддати баҳорӣ ба соҳаи кишоварзӣ чи паёмад дар пай дошта метавонанд?Дар ин бора Рустам Каримзода, директори филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзӣ дар вилояти Суғд фикру назари худро дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон баён намуд.
Оби зиёд - масъалаи дарднок
Ин коршинос мегуяд, рухдоди ин ҳодисаи табииӣ барои соҳаи кишоварзӣ манфиатовар буда, дар баробари ин - таъсири назарраси манфӣ ҳам дар пай дошта метавонад.
“Боронҳои апрелӣ барои заминҳои кишти тирамоҳии ғалла ва пиёз метавонад фоидаовар бошад, зеро дар ин ҳангом намнокии замин ҳифз гардида ва аз ин ҳисоб зироат хуб рушду нумӯъ карда метавонад” – гуфт, коршинос.
Каримзода мегуяд, аз сӯи дигар чунин ҳолати табиӣ барои соҳаи кишоварзӣ зиёновар ҳам буда метавонад ва ин асарот ба соҳаи боғу токпарварӣ бештар мушоҳида мешавад. Аз он, ки дар чунин мавсим дар баъзе навоҳӣ дарахтони мевадиҳанда ғарқи гул ҳастанд ва дар баъзе навоҳии дигари Суғд алакай аз гул фаромадаву ғура бастаанд.
“Аз таъсири боронҳои пуршиддат ва задани жола ғураи дарахтон сармозада мешаванд, ки дар натиҷа сифат ва ҳосили зардолую шафтолу ва ангур коҳиш меёбад” - изҳор намуд коршинос.
Бино ба омори Сарраёсати кишоварзии Суғд, дар ҳудуди ин вилоят солона ба ҳисоби аҳолӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар масоҳати 280 ҳазор га замин кишти зироат гузаронида мешавад. Масоҳати боғу токзорҳо иборат аз 75 ҳазор га гуфта мешавад.
© Sputnik / Камар АхрорРустам Каримзода, директори филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии дар вилояти Суғд
Рустам Каримзода, директори филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии дар вилояти Суғд
© Sputnik / Камар Ахрор
Ин заминест, ки аз ҳисоби заҳамоти худ деҳқонон ризқу рӯзӣ ба даст меоранд ва ба ин васила бозорҳо ҳам бо молу маҳсулоти ниёзи мардум таъмин мешаванд.
Коршиносони умури кишоварзӣ ба таъсири боронҳои пуршиддати апрелӣ ишора карда, бобати роҳҳои муқобила бо бемориҳои замбуруғӣ, ки боғу токзорҳо ва замини зироати ҳадафи сироят қарор гирифта, суҳбат мекунанд.
Маризиҳое, ки дар ҳоли тадбир наандешидан солҳои сол асароти онҳо ба коҳишёбии сифат ва ҳам ҳаҷми ҳосил боқӣ хоҳад монд.
Душмани ноайён
Директори филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзӣ дар вилояти Суғд мегуяд, касалиҳои забурӯғиро бо роҳандозии корҳои агротехникӣ бартараф намудан имконпазир аст.
“Истифодаи фунгиситҳо яке аз роҳҳои мубориза бо чунин касалиҳо мебошад. Ин навъи маҳлулро ҳатто дар шароити хона бо истифодаи 10 литр об, моъеи бардосии 1% ва 100 гр хокаи оҳак тайёр намудан имкон дорад” - гуфт Каримзода.
Ин коршиноси масоили кишоварзӣ мегуяд, омода намудани чунин навъ маҳлул беҳтарин намунаи фунгисит ба ҳисоб меравад, ки дар аксар кишварҳои пешрафта бар муқобили бемориҳои замбуруғӣ истифода мешавад.
Рустам Каримзода бо ишора ба шарҳи муҳаққиқони соҳаи обуҳавосанҷӣ боришотҳои пайдарпайи баҳориро яке аз омилҳои тағйирёбии иқлим арзёбӣ мекунад.
Ин коршиноси умури кишоварзӣ яке аз роҳҳои бартараф намудани паёмади тағйирёбии иқлим дар ин соҳаро шарҳ дод.
“Дар чунин вазъ зарурат ба вуҷуд меояд, ки истифодабарии навъи зироатҳои тобовар ба нозукиҳои табиатро роҳандозӣ намуд. Ин таҷрибаро то имрӯз дар баъзе аз шаҳрҳои кишоварзии кишвар аз ҷумла шаҳрҳои Исфара ва Турсунзода дар мисоли боғҳои зардолу ва токзорҳо ба кор бурдаанд, ки ба сардии иқлим тобоваранд” - таъкид кард, директори Институт.
Коршиносони соҳаи кишоварзӣ иброз мекунанд, ки ҳама кору бори ин соҳа аз табиат вобаста аст ва ин аст, ки барои ба даст овардани ҳосили хуб аз ҳар деҳқони асил донишу таҷриба тақозо мешавад. Барои мисол баъди боришотҳои шадид, ки иқлимшиносон онро “инҷиқӣ"-ҳои табиат меҳисобанд ҳар дамро ғанимат дониста барои пешгирӣ аз паҳншавии касалии дарахтон тадбиреро ба кор барад.