https://sputnik.tj/20230413/maqomoti-khatlon-viloyat-nafaqagir-zindagi-1056427808.html
Мақомоти Хатлон гуфт, дар вилоят чӣ қадар нафақагир зиндагӣ мекунад
Мақомоти Хатлон гуфт, дар вилоят чӣ қадар нафақагир зиндагӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон ахиран хабар додааст, ки дар вилоят шумори нафақагирон дар се моҳи соли равон 2,7% афзоиш ёфтаааст
2023-04-13T14:15+0500
2023-04-13T14:15+0500
2023-04-13T14:15+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
нафақа
хатлон
давлаталӣ саид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102653/94/1026539491_0:415:7952:4888_1920x0_80_0_0_64c0f2e0aca73ece3e617333e7ad1035.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар вилояти Хатлон шумораи нафақагирон 274,5 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7263 нафар ё 2,7 фоиз зиёд гардидааст, иттилоъ додааст раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи ахири ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар се моҳи аввали соли 2023.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, бо ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 317,1 сомонӣ баробар будааст.Раиси вилояти Хатлон илова кард, ки дар ин давра барои пардохти маблағи нафақа аз ҳисоби воридоти маблағҳои худи ва маблағҳои кӯмаки молиявии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон 270,3 млн сомонӣ равона гардидааст, ки 100% талаботро ташкил медиҳад.Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ дар соли 2022 барои пардохти нафақа дар Тоҷикистон беш аз 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуда буд.Ба иттилои мақомоти кишвар, дар аввали соли 2023 дар Тоҷикистон бо 10 миллион нафар аҳолӣ беш аз 763 ҳазор нафақахӯр рост меояд.Теъдоди нафақагирон нисбат ба соли 2021 ҳудуди 1,8% ё беш аз 13,5 ҳазор нафар зиёд шудааст.Ҳамзамон, аз шумораи умумии нафақахӯрон зиёда аз 159,1 ҳазор нафарашон барои маъюбӣ мегиранд. Теъдоди нафақагирон барои маъюбӣ дар муқоиса бо соли гузашта 1,3 ҳазор нафар зиёд гардидаст. Ҳаҷми миёнаи нафақа 325 сомониро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20230207/kharji-tojikiston-nafaqa-1054737284.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102653/94/1026539491_440:0:7512:5304_1920x0_80_0_0_543a8c464eb5cc7c1385ade4e4935eac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мақомот, хатлон, нафақа, нафақагир, шумор, афзоиш
тоҷикистон, мақомот, хатлон, нафақа, нафақагир, шумор, афзоиш
Мақомоти Хатлон гуфт, дар вилоят чӣ қадар нафақагир зиндагӣ мекунад
Мақомоти вилояти Хатлон ахиран хабар додааст, ки дар вилоят шумори нафақагирон дар се моҳи соли равон 2,7% афзоиш ёфтаааст
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар вилояти Хатлон шумораи нафақагирон 274,5 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7263 нафар ё 2,7 фоиз зиёд гардидааст, иттилоъ додааст раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи ахири ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар се моҳи аввали соли 2023.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, бо ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 317,1 сомонӣ баробар будааст.
Раиси вилояти Хатлон илова кард, ки дар ин давра барои пардохти маблағи нафақа аз ҳисоби воридоти маблағҳои худи ва маблағҳои кӯмаки молиявии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон 270,3 млн сомонӣ равона гардидааст, ки 100% талаботро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ дар соли 2022 барои пардохти нафақа дар Тоҷикистон беш аз 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуда буд.
Ба иттилои мақомоти кишвар, дар аввали соли 2023 дар Тоҷикистон бо 10 миллион нафар аҳолӣ беш аз 763 ҳазор нафақахӯр рост меояд.
Теъдоди нафақагирон нисбат ба соли 2021 ҳудуди 1,8% ё беш аз 13,5 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Ҳамзамон, аз шумораи умумии нафақахӯрон зиёда аз 159,1 ҳазор нафарашон барои маъюбӣ мегиранд. Теъдоди нафақагирон барои маъюбӣ дар муқоиса бо соли гузашта 1,3 ҳазор нафар зиёд гардидаст. Ҳаҷми миёнаи нафақа 325 сомониро ташкил медиҳад.